ВАО: ҳазорон сарбози афғон дар вилояти Панҷшер омодаи идомаи мубориза бо “Толибон” мебошанд
Чанд ҳазор сарбозони артиши Афғонистон дар вилояти Панҷшер — ягона минтақаи кишвар, ки таҳти назорати ҷангиёни ҳаракати ифротгарои «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) қарор надорад, ҷамъ шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 19 август рӯзномаи британиягии The Sun иттилоъ дод.
Ба гузориши ин рӯзнома, неруҳое, ки тасмим гирифтаанд муборизаро бо толибон «то қатраи охирини хун» идома диҳанд, дар Панҷшер ҷамъ меоянд. Гуфта мешавад, ки сухан дар бораи хизматчиёни ҳарбие меравад, ки онҳоро мушовирони Хадамоти махсуси ҳавопаймоии Британияи Кабир таълим додаанд.
«Мо ҳазорон нафар ҳастем ва боз чандин нафарони дигар ба мо ҳамроҳ шуда истодаанд. Аҳолии маҳаллӣ низ дар канори мо ҳастанд. Ин танҳо муқовимат нест. Ин муқовимати ҳазорон ҷанговарони ботаҷриба аст, ки маҳалро комилан медонанд ва дар тӯли 20 соли охир дар мубориза бо террористон таҷрибаи олӣ андӯхтаанд. То «Толибон»-ро маҳв накунам, таслим намешавам. Мо то тири охирин мубориза хоҳем бурд», — гуфтааст мусоҳиби рӯзнома.
Ҷангҷӯёни Толибон 15 август бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва давоми чанд соат пойтахтро пурра ба даст гирифтанд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ истеъфо дод ва кишварро тарк кард. Давлатҳои ғарбӣ шаҳрвандони худ ва кормандони сафоратҳоро аз ин ҷумҳурӣ берун мебароранд.
17 август Амруллоҳ Солеҳ, ки дар замони Ашраф Ғанӣ ноиби президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд, гуфт, дар сурати набудани сарвари давлат, тибқи конститутсия иҷрокунандаи вазифаи сарвари кишвар мешавад. Сиёсатмадор аз афғонҳо даъват кард, ки ба муқовимат бо толибон ҳамроҳ шаванд ва таъкид кард, ки «ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҷангиён итоат нахоҳад кард». Тибқи иттилои шабакаи телевизионии Al Alam, ки аз Бейрут пахш мешавад, неруҳои низомии вафодор ба Солеҳ қаблан минтақаи Чарикори музофоти Парвонро ишғол карда, толибонро сарнагун карданд ва раҳбари Ҳаракати миллии исломӣ маршал Абдулрашид Дӯстум ба дараи Панҷшер 10 ҳазор сарбоз фиристодааст.