Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори генералии Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой
26 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой Ли Яохуэй мулоқот намуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба радиои “Садои Душанбе” иттилоъ доданд.
Тавре дар мулоқот таъкид гардид, Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой аз калонтарин корхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар он 3460 нафар кору фаъолият доранд. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ корхона ба маблағи 2 миллиарду 779,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Аз ҷумла, 60,8 ҳазор тонна консентрати сурб ва 94,5 ҳазор тонна консентрати руҳ истеҳсол шудааст. Саҳми корхона дар ободии маҳал низ назаррас буда, бо 75 миллион сомонӣ маблағгузории ширкат роҳи автомобилгарди Зарнисор-Бӯстон ба масофаи 38 км мумфарш гардида истодааст. Ҳамзамон корхона аз ҳисоби даромадҳои худӣ дар шаҳри Истиқлол як кудакистони замонавӣ бунёд намудааст.
Раиси вилоят бо таҳлили фаъолияти корхона дар соли равон барои тақвияти корҳои истеҳсолӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи металлургии воқеъ дар шаҳри Истиқлол тавсияҳо дод.
Таъкид гардид, ки ширкат бояд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд карда, соли 2022-ро бо нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ҷамъбаст намояд.