Душанбе: Интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад

Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки аз соати 22.00 санаи 24 август то соати 10.00 25 август бинобар сабаби бартарафсозии садамаи шабакаи оби нӯшокӣ дар назди бозори «Ховарон» интиқоли оби ошомиданӣ қатъ мегардад.

Аз шаҳрвандоне, ки дар маҳаллаҳои Бинокорон, Мирзобек, Асирӣ, Шодӣ, Восеъ, Қаротегини хурду калон, ҳудуди кӯчаи Айнӣ аз минтақаи 9 километр то буриши кӯчаи Айнӣ, Дӯстии халқҳо (базаи №3) ноҳияи Шоҳмансур зиндагӣ мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки об захира намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE