МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад

21 март, соати 04:00 дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир мегардад. Соати 06:00 корвони наврӯзӣ бо иштироки Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон муждаи  фарорасии Соли нави аҷдодиро бо нидоҳои нишотангези «Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба Ватани хеш омад!» мерасонанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе хабар доданд.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии  Наврӯз дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукуҳи наврӯзӣ доир  мегарданд. Дар рӯзҳои ҷашнӣ  бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори  ҷашни фархундаи Наврӯз барномаҳои ҳунарию тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор карда мешаванд.

Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва орзую талошҳо барои  пешравиҳо бештар инъикос мегарданд.

АКС: Dushanbe-travel

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE