Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ: Мақсади ягонаии мо таъмини сулҳу субот дар Афғонистон мебошад

Вазъияти имрӯзаи Афғонистон ва тағйирёбии он ба кишварҳои ҳамҷавори ҳамсоя метавонад таъсири бузург расонад. Ҳангоме, ки сулҳу субот дар Афғонистон побарҷо мегардад, ин метавонад барои таъмини суботи минтақа кӯмаки бевосита расонад. Имрӯз мақсади асосии мо дар якҷоягӣ ба таври муштарак бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор баррасӣ намудани вазъияти имрӯза ва муайян намудани роҳҳои ояндаи масълаи мазкур мебошад.  Афғонистон кишваре мебошад, ки намояндагони ақалиятҳои миллӣ гуногун дар он зиндагӣ мекунанд.  Ҳар як ақалиятҳои миллӣ инчунин манфиатҳои худро доранд ва онҳо ҳуқуқ доранд, ки зиндагии орому осуда дошта бошанд. Барои ҳамин ҳам имрӯз Ҷумҳурии Исломии Покистон тарафдори таъсиси Ҳукумати фарогир дар Афғонистон мебошад, ки дар он намояндагони тамоми қавмҳо метавонанд ба таври фаъол иштирок намоянд ва фикр мекунам, ки Ҳукумати фарогир ва системаи фарогир дар Афғонистон барои мақсадҳои ягонаи сулҳу суботи минтақа метавонанд мусоидат намоянд, гуфт пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ ба намояндагони ВАО.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE