Сафари кории Сироҷиддин Муҳриддин ба Русия
19 июни соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқоти роҳбари мақоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан ба рафти иҷрои тавофуқоти сарони давлатҳо оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса сурат гирифт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Вазирон аз анҷоми раванди музокироти тӯлонӣ доир ба сабти ҳуқуқии амволи ғайриманқули дипломатии ду кишвар, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сафоратҳо ва консулгариҳои генералии Тоҷикистону Русия хидмат хоҳад кард, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Аз натиҷаи мулоқот С. Муҳриддин ва С. Лавров ҳуҷҷатҳои зеринро ба имзо расониданд:
1) Протоколи иловагии №1 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2) Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ.
3) Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта.
Музокирот дар фазои созанда ва дӯстона сурат гирифт.