Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ: Мо гуфтушунидҳоро дар мавриди таъсиси як Ҳукумати фарогир дар Афғонистон идома дода истодаем

Таъмини амнияти шаҳрвандони Афғонистон ва инчунин эҳтироми ҳуқуқи инсон барои Покистон аҳмияти хосса дорад ва ман бовар бар он дорам, ки масъалаҳои мазкур барои ҳамсояҳои бевоситаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва тамоми минтақа ниҳоят муҳим мебошад. Албатта изҳоротҳои пешакие, ки мо имрӯз аз ҷониби Роҳбарияти Афғонистон мебинем дилпуркунанда мебошад ва мо барои қабул кардани қарорҳои мусбат онҳоро бояд ҳавасманд созем. Мо имрӯз бо тамоми намояндагони сатҳи роҳбарияти Афғонистон дар гуфтушунидҳо қарор дорем то он ки вобаста ба таъсиси як Ҳукумати фарогир, ба мувофиқаи муайян расем. Мақсади ташрифи ман ба Тоҷикистон ҳамин буд, ки фикру ақидаи Тоҷикистонро ва дар ин баробар маслиҳатҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди вазъи Афғонистон шунида бошам. Аз ҷониби дигар Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон имрӯз бесаброна интизор ҳастанд, ки дар ҳамоиши дарпешистодаи Сарони кишварҳои узви СҲШ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад иштирок намоянд. Иброз дошт пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ ба намояндагони ВАО.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE