Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байнидоравии танзими равандҳои муҳоҷират баргузор шуд

3 апрел дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи Комиссияи байнидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус дар Вазорати мазкур хабар доданд.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳисоботу пешниҳоди намояндагони вазорату идораҳо ва  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои рӯзнома шунида шуд.

Дар ҷаласа  муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №4/43-26 аз 30 сентябри соли 2022  гузориш дод.

Ҳамзамон вобаста ба масъалаи дигари рӯзнома гузоришҳои намояндагони кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила,   кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ шунида шуданд.

Дар охири кори ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ  байни муҳоҷирон супоришҳои мушаххас  дода шуданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE