Лахш: Сели азим маҷрои дарёро дигар кард
9 сентябр, аз соати 06:00 то соати 06:30 дар мавзеи Арчакаппаи деҳаи Сугади Ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш бар асари гарм шудани ҳаво ва об шудани пиряхҳои атроф сатҳи оби рӯдхонаи Арчакаппа боло рафта, ба мисли сели харобкор маҷрои дарёи Сурхобро дар минтақа муддати 30 дақиқа баст, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тағйир ёфтани маҷрои дарё сабаби шуста шудани 50-60 метр роҳ дар километри 250-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Ҷиргатол шудааст. Ин ҳодиса сабаб шудааст, ки муддате ҳаракати нақлиёт дар ин ҷода қатъ шавад. Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада бо истифодаи 1 адад автопогрузчик ва 1 мошини КАМАЗ соати 20:00 роҳ пурра барқарор ва ҳаракати ҳама намуди нақлиёт таъмин гардид.