Ҳисоби медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои кишварҳои ИДМ 7 адад боло рафт
Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки 4 сентябр оғоз гардида буданд, фардо – 11 сентябр – ба анҷом мерасанд. То имрӯз варзишгарони мо соҳиби 14 медал: 7 нуқра ва 7 биринҷӣ шуданд.
8 сентябр мусобиқа оид ба самбо баргузор шуд, ки дар он паҳлавони тоҷик Ҷаҳонафрӯз Сулаймонов дар вазни 71кг сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар мусобиқаи бокси тайландӣ бошад, варзишгарони мо ду медал ба даст оварданд. Бибинишастамоҳ Холова дар вазни 60 кг миёни духтарон медали нуқра, Амонҷон Даминов дар вазни 71кг миёни писарон медали биринҷӣ гирифтанд. Дар мусобиқаи тенниси рӯииз Аминҷон Мавлонов / Ҷамшед Ҳасанов дар ҷуфти писарон сазовори медали биринҷӣ шуданд.
Қаблан варзишгарони мо дар гуштини юнонӣ-римӣ 2 медал, дар гуштини тарзи озод 2 медал, дар намуди бокс як медал, дар гуштини камарбандӣ 2 медал, дар кураш 3 медал ба даст оварданд. Дар Бозиҳои ИДМ беш аз 1000 нафар варзишгарони аз 14 то 23-сола аз 9 кишвар иштирок доранд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Ҷумҳурии моро дар Бозиҳои якуми кишварҳои ИДМ, ки то 11 сентябр идома меёбанд, 51 варзишгар аз рӯи 11 намуди варзиш намояндагӣ мекунанд.