Лахш: Ифтитоҳи бинои шуъбаи кишоварзӣ ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт бо мақсади шиносоӣ бо вазъи рӯзгори мардум, ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинон ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи ноҳия роҳбарият бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Нахуст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Рашт бинои шуъбаи кишоварзии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои маъмурӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 9 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Иншоот дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи корӣ барои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар бинои навбунёд иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш 6 мутахассиси соҳа фаъолияти назаррас доранд. Шуъбаи мазкур қаблан дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷойгир буда, аз 4 ҳуҷраи корӣ иборат буд. Акнун дар бинои замонавӣ мутахассисон имкон доранд хуҷҷатнигорӣ, банақшагирӣ, ҳисобот ва дигар корҳои марбут ба соҳаи кишоварзиро босифат ба иҷро расонда, фаъолияти назаррас дошта бошанд. Дар таҳхонаи бино бойгонӣ ҷойгир карда шуда, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Мавриди ёдоварист, ки шуғли асосии сокинони ноҳияи баландкӯҳи Лахш кишоварзӣ, чорвопарварӣ ва боғдорӣ аст. Аз ин рӯ, бинои мазкур барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба мутахассисони ин бахши кишоварзӣ бунёд шудааст.

Дар корҳои сохтмонии иншооти нав мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат корҳои бунёдиро ба анҷом расондаанд. Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як иншооти маъмурӣ дар баробари такмили инфрасохтор ба ҳусни ин ноҳияи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон зебоии дигар зам гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои иҷрои босифати уҳдадориҳо ва ривоҷу равнақи бештари соҳаи кишоварзии ноҳияи Лахш вазифадор намуданд. Саҳн ва атрофи иншоот бо дарахтони сояфкану ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ оро ёфтааст.

Пас аз ба истифода додани бинои шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи хоҷагидорон дидан карданд. Аҳли заҳмати ноҳия навъҳои гуногуни сабзавоту полезӣ, ғалладона, меваи тару тозаи табиӣ, асал ва техникаи кишоварзиро ба намоиш гузоштанд.

Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол дар ноҳия дар 5 ҳазору 368 гектар картошка кишт карда шудааст. Дар намоиш 12 навъи картошка, ки асосан навъҳои маҳаллӣ ва серҳосил мебошанд, муаррифӣ шуданд. Кишоварзони ноҳия дар кишту парвариши картошка таҷрибаи бой дошта, соли 2020 хоҷагидорон 101 ҳазору 347 тонна картошка истеҳсол карданд.

Тибқи иттилои мутахассисон картошкаи навъҳои “Тоҷикистон” ва “сурхоб”, ки аз ҷониби олимони тоҷик ихтироъ шудаанд, ба иқлим мутобиқ буда, ҳосилнокии баланд доранд. Имрӯзҳо деҳқонон дар саҳро ба ҷамъоварии картошка шуруъ намудаанд ва мақсад доранд, ки аз ҳар гектар аз 200 то 300 сентнерӣ ҳосили картошка ба даст оранд. Татбиқи босамари барномаҳои соҳавӣ дар ноҳия имкон фароҳам овард, ки картошкапарварӣ, ғаллакорӣ, боғдориву сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ сол то сол рушд намояд.

Айни замон дар ноҳия 1 ҳазору 743 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 8 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ ва 3 хоҷагии давлатӣ мавҷуд аст.

Табиати ноҳияи Лахш барои рушди занбӯриасалпарварӣ, ки соҳаи сердаромад аст, басо мувофиқ мебошад. Дар мавсими имсола  занбӯрпарварон зиёда аз 80 тонна асал истеҳсол карданд. Аҳли заҳмати ноҳияи Лахш бо истифода аз обу ҳавои мусоид ҳамасола истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи табиӣ, хусусан картошкаро афзоиш дода, дар фаровонии бозори истеъмолӣ ва ба ин восита дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони ноҳия ва хоҷагидоронро ба истифодаи босамару оқилонаи замин ва гирифтани ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE