Ҳофизу эҳёгари забон

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як сиёсатмадори воқиф аз гузашта огаҳанд ва имрўз ба он талош доранд, ки нахуст бо фарҳангу забони устувори миллӣ ояндаи босуботи кишварро барои наслҳои оянда чун мерос таъмин созанд. Нағз ва амиқ медонанд, ки ҳеҷ халқе тавассути чанд забон натавонистааст, ки ваҳдати миллиро ба вуҷуд орад. Забон меҳвари ваҳдати миллат аст ва забон ба ҳар миллат истиқлол, марз ва мулку кошона мебахшад. Ба таъкиди Пешвои миллат, забон «ёдгории маънавӣ» ва «рамзи ҳамбастагиву иттиҳоди миллат» мебошад. Аз ин ҷиҳат бесабаб нест, ки ба қавли Сарвари давлат, яке аз «шоҳсутунҳои муқаддасоти миллӣ» имрўз забони мо ба ҳисоб меравад.

Мазмуни суханони Пешвои миллатро дар андарзу таъбирҳои бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳонӣ пайдо кардан мумкин аст, ки нисбат ба забони модарӣ баён кардаанд. Пешвои миллат нахуст чун як фарди фарҳангӣ ба забони модарӣ арҷ мегузоранд ва онро «як забони шевою шоирона» медонанд. Сарвари давлат дар такя ба аҳли зиё, аҳли илму адаб тавонистанд, ки мақоми забони миллатро боло баранд. Қонуни забон сараввал дар замони шўравӣ  22 июни соли 1989 қабул гашта буд. Аз он ки ин қонун дар аҳди шўравӣ қабул гашта буд, ноқисиҳои зиёд дошт. Баъдан, 5 октябри соли 2009 бо қабули «Қонун дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ин рӯз чун Рўзи забони давлатӣ ба ҳукми таҷлил даромад. Зиёда аз ин, бо тасмими бевоситаи Пешвои миллат соли 2008 «Соли забони тоҷикӣ» эълон карда шуд.

 

Таъсис Кумитаи забон

Тамоми сокинони кишвар дар замони Истиқлоли давлатӣ бидуни нишондоди кассе, гурӯҳк ё  марказе аз хориҷи Тоҷикистон тавонистанд, ки ормонҳои миллии худро дар атрофи ин муқаддасот мустақилона баён намоянду пиёда созанд ва шукӯҳи як иди бузурги фарҳангиро бубинанд. Мақому корбасти забони модарӣ дар тамоми соҳаҳову доираҳои иқтисодиву иҷтимоиву коргузорӣ баланд гашт. Қонуни нави забон дар замони истиқлол дар мувофиқат ба меъёрҳои байналхалқӣ ва эҳтирому муносибати хос ба дигар забонҳо таҳияву қабул гашт.

Роҳбари давлат барои амалӣ намудани сиёсати забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ зарур шумориданд, ки ниҳоди нав таъсис диҳанд. Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2009, №604 таъсис ёфтааст. Кумитаи мазкур бо назардошти равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ манфиати забони тоҷикиро ҳимоя менамуд ва менамояд. Акнун дар ҷумҳурии соҳибихтиёри мо барои инкишофу рушди забони модарӣ монеаву душворие боқӣ намондааст.

 

Эътирофи қудрати забон

Забони давлатӣ чун Парчам, Суруд ва Нишони миллӣ мақоми муқаддас касб кардааст.    Дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин чор унсур дар якҷоягӣ миллати моро муаррифӣ менамоянд. Пешвои миллатамон аз аввалин рўзҳои давлатдорӣ инро амиқан дарк менамоянд ва доиман таъкид менамоянд, ки фанои забон фанои миллат аст. Омилҳои ҷаҳонишавӣ, ки дар навбати аввал метавонад фарҳангу забонҳои миллиро аз байн бибарад, аз мадди назари Пешвои миллат ҳеҷ гоҳ дур намондаанд.

Сарвари давлат борҳо аз минбару суҳбатҳояшон аз он ёдрас мешаванд, ки миллати моро тавассути забону фарҳангаш мешиносанду эҳтиром менамоянд. Пешвои миллатамон он забонеро зинда гардонидану рушд бахшидан мехоҳанд, ки дар замони Сомониён истифода мегашт. Бузургии ин забонро, ки фарҳангу адабиёту анъанаҳои моро дар домани худ парваридааст, ҳамеша қоиланд. Забони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Закариёи Розӣ, Мавлавию Имом Тирмизӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Хайём ва ҳазорон нафар бузургони дигари илму адаб будани забони тоҷикиро мояи ифтихори ҳар як тоҷики имрўза меҳисобанд. Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат таҷлили солгарди даҳҳо нафар фарзонафарзандони тоҷик роҳандозӣ гардид, ки моҳияти байналмилалӣ низ доштанд. Ин ҳама гиромидошти фарҳангу забону адабиёти тоҷик аст, ки ғубори тирае тӯли садсолаҳо рўи онҳоро фаро гирифта буд.

 

Ҳимояи қонунии забони модарӣ

Мо имрӯз дар давроне зиндагӣ мекунем, ки эҳёи дубораи Ватани муқаддас ва забони модарии худро ба чашми худ мебинем. Воқеан мо хушбахттарин насле ҳастем, ки дидани ин бахт — ба вуқӯъ пайвастани ормони ҳазоронсолаи миллатамон насиби мо шудааст. Ормоне, ки қарнҳои қарн халқи ҷабрдидаи мо, бузургони илму адаби мо дар орзуяш буданд. Мусаллам аст, ки миллати куҳанбунёди моро ҳамин фарҳанги бузург, хусусан забони қавии оламшумулаш зинда доштааст.

Забони тоҷикӣ ҷавшане будааст, ки дар тӯли таърихи гарону хунин миллати моро аз тамоми зарбаҳои замонаҳо, сангборонҳои пурдаҳшати таърих эмин доштааст; сипаре будааст, ки пеши роҳи ҳама тирборони душманро гирифта, ӯро аз дами теғу шамшери душманон то ба имрӯз расонидааст. Маҳз ҳамин забони гаронбаҳои модарӣ барои ҳимояи ҳувияти миллии халқи мо хизмат кардааст ва суннатҳои волои башардӯстонаи мардуми моро,  ки дар онҳо рӯҳи баланди миллат, маърифату одоби ибратомӯзи он таҷассум ёфтаанд, то имрӯз маҳфуз доштаву дифоъ намудааст. Мисли Наврӯзи аҷам, ки таҷассуми волотарин намунаҳои  фарҳанги бостонии миллии мост. Ҳама тоҷу тахту қасрҳои сарбафалак бар хок яксон шуданд, аммо ин кохи бузургу бегазанди фарҳанги тоҷикӣ пойдор монд ва газанде аз тирборон ва теғу шамшери душман наёфт.

Вақте ки мо ба забони тоҷикӣ арҷгузории баланд мекунем, мегӯем, ки маҳз ҳамин забон, ҳамин фарҳанг моро зинда доштаасту наҷот додааст, ин мусаллам аст.

Бояд таъкид намуд, ки маҳз халқи тоҷик, халқи шариф, соҳибхирад ва фозилу шоиртабиат буд, ки  ин забон ва ин фарҳангро зинда дошт. Бинбар ин, вақте ки  мо саҷда ба пешгоҳи забони шарифи модарии тоҷикиамон мекунем, ин саҷда, пеш аз ҳама, ба пешгоҳи халқи тоҷик, миллати тоҷик аст. Ва мову шумо чандин борҳо шоҳид будаем, ки Сарвари кишварамон ба пеши халқи худ сари таъзим меорад ва ҳама барору пирӯзиву комёбиҳои худ ва кишварро маҳз аз файзу баракати ин халқи заҳматдӯст, хайрхоҳу некманиш медонад.

Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқу олимона мушоҳида карда, гуфтаанд:“Агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд”.Аммо забони тавонои тоҷикӣ, фарҳанги безаволи онро аҷнабиёни истилогар на ин ки натавонистанд аз байн бубаранд, балки худ мутеъи он гардиданд. Дар давлатдории қабилаҳои аҷнабӣ дар сарзамини мо забони давлатӣ, забони девону дафтар аслан забони тоҷикӣ буд. То ҷойе ин забон аҷнабиёнро сеҳру мафтун сохта буд, ки аксари султону амир ва шоҳони аҷнабӣ ба ин забон эҷодкориҳо мекарданд, шеърҳо мегуфтанд ва бо ин мехостанд “фазилат”-и худро намоиш бидиҳанд.

Бесабаб нест, ки аз аввалин иқдомҳои Ҳукумати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабули қонуне буд, ки ин забони таърихиро давлатӣ намуд ва ба ҳимояи худ гирифт. Ҳадафи Пешвои миллати мо бо ташаббуси бунёди ҷашнвораву бузургдоштҳои забони тоҷикӣ ва абармардони илму адаби таърихи мо эҳёи навини забони тоҷикӣ, фарҳанги оламшумули тоҷикон, мақоми хуҷаста ва неруи нав бахшидан ба он буд. Имрӯз суханони Пешвои миллат дар ҳифзу ҳимояи забони муқаддаси тоҷикӣ раҳнамои мардуми мост. “Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луғавии ин забони нобу шоирона вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад.”

Пешвои миллат се ҷиҳати муҳим ва ногузирро дар ҳимоя ва эҳёи дубораи забон хеле дақи муайян намудаву раҳнамоӣ кардаанд. Аввалан, арҷгузорӣ ба забони модарӣ, ҳифзи он ва нақши мондагораш дар пойдории фарҳанги миллӣ ва давлатдорӣ: “Вобаста ба аҳамият ва зарурати татбиқи қонуни мазкур мехоҳам боз ба ду масъалаи ниҳоят муҳим-арҷи бештар гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи фарҳанги миллӣ, ки дар ташаккули андешаи миллӣ ва боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон таъсири амиқ доранд, изҳори назар намоям”.

Дуюм, нақши ҳар фарди ҷомеа дар ҳимоя ва пуштибонӣ аз забони модарӣ: “Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луғавии ин забони нобу шоирона вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад.”

Сеюм, риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар ҷомеа: “Махсусан дар маъракаву чорабиниҳо,  маҳфилу суҳбатҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо забони адабӣ сухан гуфтан ва риояи бечунучарои талаботи меъёри забони тоҷикӣ қарзи виҷдонии мо мебошад”.

Ба андешаи Сарвари кишварамон: “Фарҳанги миллӣ ба сифати пояи устувори маънавият ва таҳкими аркони давлатдорӣ арзиши ниҳоят бузург дошта, ҳифзи он ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин ганҷинаи маънавии халқи азизамон вазифаи давлат ва тамоми шаҳрвандони кишварамон ба шумор меравад”.

Ҳеҷ ҷойи баҳс нест, ки сиёсати давлатӣ нисбат ба таҳкиму густариши забон ба риояи меъёрҳои забони адабӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯст, ки масъалаи рушди забони модарии мо дар даврони Истиқлолият ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мо мебинем, ки муносибати Пешвои миллат нисбат ба забони муқаддаси миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо муносибатест ҳамрадифи муносибат бо модар, бо Ватан, бо муқаддасоти миллӣ. Зеро мо ҳама зодаи ҳамин забони нобу покизаем, ки чун шири модар дар шараёнамон ҷорист. Пешвои миллат забонро мисли модар мешиносанду дӯст медоранд ва мисли фарзанд ба он садоқат доранд.

Воқеан, хеле рамзист, ки зодрӯзи забони тоҷикӣ бо зодрӯзи Пешвои миллатамон тавъам дар як рӯз омадаанд. Агар забони модарӣ миллати моро дар тӯли таърих зинда дошта бошад, Пешвои муаззами мо низ ин миллати хуҷастаро бо сиёсати ватандӯстонаи худ, бо ҷоннисориҳои фарзандона, бо ҷасорату бебокӣ дар рӯзҳои вазнинтарин ва тақдирсоз, бо хиради азалӣ аз вартаҳои нестӣ наҷот додааст. Ин аст, ки ин ду наҷотгари миллати мо имрӯз бо ҳам омадаанд ва ин ваҳдату ягонагӣ моро ба ояндаи нек ва хушбахтонаи миллатамон умедвор мегардонанд. Аз ин рӯ, самимона мегӯем, ки зодрӯзи забони тоҷикӣ, ки зодрӯзи шарафу номус, хираду ҷасорат ва сарбаландиву пирӯзии миллати мост, муборакамон бод!

Фирӯз КАРИМЗОДА,

сармуҳаррири шабакаи “Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE