Душанбе: Иди Меҳргон таҷлил мегардад

17 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт  бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо баргузории Фестивали намоиш ва фурӯши асал, маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Дар ҷашнгоҳ  деҳқонони мамлакат аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи  кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро  бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон менамоянд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат   хӯрокҳои миллӣ  омода гардида, ҳунармандони  мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд. Дар ин рӯз баргузории барномаҳои фарҳангию театрӣ дар назар буда, ба иштирокчиён ва кишоварзон туҳфаю ифтихорномаҳо тақдим мегарданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар назар аст, ки дар ҷашни мазкур  намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ва фаъолони вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намоянд.

Бояд гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009  дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи октябр Иди Меҳргон таҷлил карда мешавад.  Имсол ҷашни Меҳргон, ки ба  17 октябр  рост омадааст, дар  шаҳри Душанбе  дар якҷоягӣ бо Фестивали намоиш ва фурӯши асал, маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷ доир мегардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE