ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Бо мақсади ба шаҳри «сабз» табдил додани пойтахт, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар мавсими нави ниҳолшинонӣ- тирамоҳи соли 2025 дар ҳудуди шаҳр 12 миллиону 475 ҳазору 368 дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба гуфтаи сардори шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Зубайдулло Ғанизода, ҳамасола бо мақсади таъмини сабзазоркунию хуррамгардонӣ ва ободу зебо гардонидании гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ, назди муассисаву корхонаҳо аз ҷониби масъулин гулҳои мавсимӣ, бисёрсола ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида мешаванд.
Дар самти сабзкорӣ намудани кӯчаю хиёбон, боғҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт саҳми Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе назаррас мебошад.
Тибқи иттилои директори ин корхона Олимхон Тағозода, дар ҳудуди корхона 1 гармхонаи нави замонавии ба талаботи муосир ҷавобгӯ дар 2000 м2 фаъолият намуда, 4 гармхонаи калон дар 5040 м2 ва 13 гармхонаҳои хурд дар 2340 м2 аз таъмири асосӣ бароварда шуданд, ки барои парвариши гулҳо дар ҳамаи мавсим мусоид мебошанд.
Инчунин барои парвариши гулҳои мавсимии ороишӣ беш аз 1900 м2 катҳои гулпарварӣ ва дар 5120 м2 палҳо барои коридани тухмии гулҳо ва парвариши гулҳои кӯчатӣ сохта шудаанд. Гармхонаҳои корхона бо пардаи шаффофи полиэтиленӣ пӯшонида шуда, ҳангоми фарорасии гармии баҳор ва тобистон он бо тӯр иваз карда мешавад.
Солҳои охир таҳти таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои мунтазами Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи сабзазоркунӣ дар Тоҷикистон, махсусан дар шаҳри Душанбе ривоҷу равнақ ёфтааст. Ин ташаббусҳо барои ғанӣ гардонидани муҳити зист, тоза нигоҳ доштани фазои экологӣ ва зебо гардидани кӯчаю хиёбонҳо нақши муҳиму арзанда доранд.
Ба гуфтаи директори Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ», яке аз иқдоми наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт аст, ки ин давоми сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат мебошад. Ҳамзамон бо назардошти мубрам боқӣ мондани масъалаи тозагӣ ва экологӣ дар шароити шаҳрҳои калон, махсусан пойтахтҳои давлатҳо ин пешниҳод ҳамовозии саросарӣ пайдо намуд.
«Душанбе яке аз калонтарин шаҳрҳои саноатии мамлакат ва ҳамзамон пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин замина дар ҳудуди он корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд. Аз ин хотир ҳангоми фаъолияти онҳо партовҳои заҳролуди кимиёӣ истихроҷ гардида, ба коста шудани фазои экологии шаҳри мо таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳадаф аз ин иқдом, яъне ба «шаҳри сабз» табдил додани Душанбе низ ҳамин аст. Зеро беҳдошти муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани фазои экологӣ вазифаи аввалиндараҷаи на танҳо ҳукумат, балки вазифаи аҳли ҷомеа ва қарзи ахлоқии ҳар шаҳрванд ба шумор меравад», — гуфт сардори шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Зубайдулло Ғанизода.
Бояд иброз намуд, ки аксар сокинони пойтахт бо нишони ҷонибдорӣ аз ин иқдоми роҳбарияти шаҳри Душанбе дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо дарахтони ҳамешасабзу сояафкан мешинонанд. Зеро шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгашт ба авзои экологӣ таъсири амиқ гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.

