Филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» наворбардорӣ мешавад

Миёни Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Ёддошт оид ба наворбардории филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» ба имзо расид, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёддошти  мазкур дар доираи баргузории  ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Тошканд, ки аз 28 сентябр то 3 октябри соли равон  дар якчанд шаҳрҳои Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид,  аз ҷониби роҳбарияти Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба имзо расид.

Филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» рамзи дӯстӣ ва ҳамкории синамогарони ӯзбеку тоҷик маҳсуб шуда,  он дар  мисоли дӯстии  ду мутафаккири бузург ифодагари  садсолаҳо  ҳамсоягии нек доштани ду халқи ба ҳам қарин   мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки ба навор гирифтани филми мазкур замоне тасмим гирифта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз 10 то 11 июни соли равон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE