Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад

Нимаи дуюми моҳи ноябр дар пойтахт мамлакат — шаҳри Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тавсиб расид.

Ҳадаф аз баргузории ин озмун бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Ёдрас менамоем, ки «Барномаи рушди ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллию муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ, анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ инчунин дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул таҳия гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE