Сафари кории ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Тоҷиикстон ба Туркия

Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд, иттилоъ дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Сафари мазкур бо даъвати Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп аз 12 то 15 октябр амалӣ  мегардад. Ба ҳайат  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилони Маҷлиси намояндагон  Мавлудахон Мирзозода  ва Мирзоанвар Ахмедов шомиланд.

Дар назар аст, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  зимни сафар бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия  Мавлуд Човушоғлу ва дигар намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар дидору мулоқот анҷом диҳад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Туркия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шарикони афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, саноат, маориф, фарҳанг ҳамкории самарабахш идома дорад. Ҳамкорӣ ва дастгирии доимии ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва форумҳо, хусусан дар доираи ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид мусбат арзёбӣ мегардад.

29 январи соли 1992 Ҷумҳурии Туркия истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ҳамзамон байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Худи ҳамон сол Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Моҳи декабри соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара ифтитоҳ гардид. Инчунин соли 2011 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул ба кор шурӯъ намуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE