Душанбе: 500 кг воситаҳои нашъадор мусодира гардид

Аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе фаъолияти пинҳонии як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ дар ҳудуди пойтахт  таҳти коркарди фаврӣ қарор дода шуда, дар натиҷа 6 нафар боздошт ва миқдори махсусан калон- қариб 500 кг воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфту мусодира гардид, хабар доданд аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанб.

Ин гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллиро як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон: Абдуллоев Азизулло Файзуллоевич, санаи таваллудаш 10.12.1975, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон, соҳибкор, оиладор соҳиби 4 фарзанд, ки қаблан соли 2005 дар Федератсияи Русия бо моддаҳои 159 (қаллобӣ) ва 228 (муомилоти ғайриқонунии востаҳои нашъадор)-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия суд шудааст, таъсис дода, дар ҳайати он шаҳрвандони якчанд кишварҳои хориҷиро муттаҳид карда, масири қочоқи воситаҳои нашъадорро то ба кишварҳои дури хориҷӣ расонидааст.

Азизулло Абдуллоев воситаҳои нашъадорро дар ҳаҷми махсусан калон тавассути аъзои дигари ин гурӯҳ аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, минбаъд тавассути кишварҳои ҳамсоя ба давлатҳои Аврупо интиқол медодааст.

Дар натиҷа, кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати ошкору муайянсозии нафарони мусоидаткунанда ва интиқолдиҳандагони воситаҳои нашъадор маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти калонҳаҷм таҳия ва амалӣ намуда, аъзои ин гурӯҳи қочоқчиёнро дар ҳайати зерин дастгир намуданд.

– Содиқов Сиёвуш Мизробшоевич, санаи таваллудаш 06.03.1998, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Қазоқон, оиладор, донишҷӯи курси 2-юми факултаи информатикаи Донишгоҳи «МИСИС»;

– Тулаганов Азамат Хушвақтович, санаи таваллудаш 27.05.1973, сокини вилояти Сурхондарё, шаҳри Тирмиз, қаблан дар Ҷумҳурии Узбекистон соли 2001 бо моддаҳои 148 қисми 2 (ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ) ва 273 қисми 5 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Узбекистон ба муҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст;

– Сабзқадамов Сорбон Муборакқадамович, санаи таваллудаш 23.03.1977, зода ва сокини ноҳияи Ванҷ, Ҷамоати деҳоти М.Абдулло, деҳаи Рохавӣ, оиладор, соҳиби 3 фарзанд;

– Саидшарипов Шамсулло Нусратуллоевич, санаи таваллудаш 27.09.1984, зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортут. Ӯ аз соли 2019 инҷониб бо моддаи 200 қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) ва 289 қисми 3 (қочоқ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман дар ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор дорад;

-Саматов Бурон Алтибоевич, санаи таваллудаш 03.10.1964, зода ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Гули Бодом, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, маълумоташ олӣ, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №151 ноҳияи Рудакӣ;

-Хуҷаев Мурод Буронович, санаи таваллудаш 07.02.1986, зода ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Гули-Бодом, оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Дар маҷмӯъ, аз ин гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ қариб 500 килограмм воситаҳои нашъадор мусодира гардид, ки ин миқдор маводи мухаддир дар бозори сиёҳ зиёда аз 6 миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад.

Дар идомаи пешбурди корҳои фаврию тафтишотӣ аз ин гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ 6 адад мошини гуногунтамға ва гаронарзиши хориҷӣ ба маблағи умумии 1 миллиону 784 ҳазор сомонӣ мусодира гардид. Аз худи роҳбари гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ Азизулло Абдуллоев маҷмуи моликияти зерин:

– 8 манзили истиқоматии боҳашамат ба маблағи умумии 15 миллиону 150 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
2 манзили баландошёнаи боҳашамат дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Зарафшон, хонаи 24 бо арзиши умумии 6 млн сомонӣ;

– 1 бӯстонсарои беруназшаҳрӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Кофарниҳон 76, дар масоҳати 2,2 гектар бо арзиши 5 млн сомонӣ;

– 6 адад хонаи истиқоматии 3 ва 4-ҳуҷрагӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо арзиши умумии 4 млн 150 ҳазор сомонӣ;

– 1 адад корхонаи истеҳсоли хишт, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Сарикиштӣ, деҳаи Ҳазора дар масоҳати 6 гектар бо арзиши қариб 1 млн сомонӣ;

– таваққуфгоҳи мошинҳо дар масоҳати 20 сотих бо арзиши қариб 1 млн сомонӣ ба маблағи умумии 18 миллиону 330 ҳазор сомонӣ ҳамчун молу мулки бо роҳи ҷиноят ва аз ҳисоби фурӯши воситаҳои нашъадор бадастомада ба ҳабси молумулкӣ гирифта шуданд.

Айни замон 6 нафар роҳбар ва аъзои ин гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ дастгир ва нисбат ба ҳамаи онҳо тибқи талаботи моддаҳои 200 қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) 289 қисми 5 (қочоқ) ва 262 (қонунигардонии молумулки бо роҳи ҷиноят ба дастомада)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чораҳо барои дастгиркунии 2 нафар аъзои фаъоли ин гурӯҳ, ки барои ҳамдастӣ дар ҷустуҷӯ қарор доранд, идома доранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE