Ғолибони Ниммарафони байналмилалии Душанбе муайян шуданд

Имрӯз, 17-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон XI Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор шуд.

Барои иштирок дар ин мусобиқа имсол варзишгарон аз кишварҳои Россия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эфиопия, Бразилия ва дигар мамлакатҳо ташриф овардаанд.

Аввалин шуда ба марра намояндаи кишвари Ӯзбекистон – Шоҳрух Давлатов омада расиду ғолиби ин чорабинӣ эълон гардид. Ҷойи дуюм насиби намояндаи кишвари Эфиопия Ҷилма Тилаҳум шуд. Қиштаубеков Адлет аз Қирғизистон сеюмин шуда ба марра расид.

Шодонҷон СУЛТОНОВ, 

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE