Вазъият дар сарҳади Афғонистон мураккаб боқӣ мемонад

“Вазъият дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон мураккаб боқӣ мемонад. Дар ин бора котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода имрӯз зимни нишаст дар чаҳорчӯби муколамаи минтақавии Деҳлӣ оид ба масоили амният дар Афғонистон изҳори назар намуд”, – хабар медиҳад агентии иттилоотии “Sputnik”.

Маҳмудзода афзуд, ки ба сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон ба вазъи низомиву сиёсӣ ва геополитикии минтақа ва ҷаҳон ислоҳоти ҷиддӣ ворид кард. Вай ёдовар шуд, ки Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва ба ин далел ин ҷумҳурӣ «дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои фаромарзӣ дар минтақа қарор дорад».

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE