Душанбе: Бахшида ба Соли нав ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил шудаанд
Аз 21 то 31 декабри соли 2021 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи Соли нави мелодии 2022 ташкил гардидаанд, иттилоъ доданд аз Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил шудаанд.
Дар ярмаркаи мазкур Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе», Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, кишоварзони вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи мавриди ниёзи аввалро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров иттилоъ дод, ки дар ярмаркаи мазкур аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, карам, сабзӣ ва ғайра бо нархи дастрас ва сифати хуб ба сокинон ва меҳмонони пойтахт пешниҳод мешаванд.
Бо баргузор намудани чунин ярмаркаҳо сокинон метавонанд маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар дастрас намоянд. Ҳадаф аз ташкили ярмаркаҳо — таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти зарурӣ, дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ ва инчунин ғанӣ гардонидани хони солинавии сокинони шаҳр мебошад.