Манижа Сангин дар Душанбе консерти калон барпо мекунад
Пас аз чанд намоиши лағвшуда дар Русия ва як консерти онлайнӣ, ки дар рӯзи зодрӯзаш баргузор шуд, овозхон Манижа Сангин ба «Сафари ҳунарии лағвнашаванда» мебарояд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар сомонаи расмии овозхон www.manizha.art хабар дода шудааст.
«Ин сафари ҳунарӣ орзу дар бораи ҷаҳонест, ки дар он барои баробарии имкониятҳои гуногун, тафовут, муштаракоти фарҳангҳо, арзишҳои умумибашарӣ, ки метавонанд ҳамеша инсонҳоро муттаҳид созанд, ҷой вуҷуд дорад» — гуфта мешавад дар иттилоия.
«Сафари ҳунарии лағвнашаванда» моҳи сентябри соли 2022 оғоз шуда, дар қисмати аввал кишварҳоеро чун Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон фаро мегирад. Манижа дар зодгоҳаш — шаҳри Душанбе низ консерти калон барпо хоҳад кард.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки як қисми даромад аз консертҳо дар доираи ин сафари ҳунарӣ ба Бунёди SILSILA оид ба дастгирӣ ва ҳимояи одамон дар вазъи душвор, ки Манижа ҳамроҳ бо модараш Наҷиба таъсис додааст, фиристода мешавад.
«Мусиқиро манъ кардан ғайриимкон аст! Ин мисли Офтоб равшан аст. Пас аз «Консерти лағвнашаванда» тавассути онлайн ба худ ваъда додам, ки дар ҳар сурат онро идома медиҳам. Ва инак хушхабар барои шумо: ман ба сафари ҳунарӣ мебароям! Ба «Сафари ҳунарии лағвнашаванда», — навиштааст Манижа дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook.- Барои ҳар ҳунарманд саҳна ҳаёт аст. Ва расо пас аз як моҳ ин ҳаёт ниҳоят дубора ба ҷуш меояд. Нахуст дар Ереван… Худоё, ман хеле дар ҳаяҷонам».
Ёдовар мешавем, ки Манижа Сангин охирин иштирокчии Русия дар озмуни мусиқии «Евровидение-2021» аст, ки моҳи майи ҳамон сол дар ин озмун таронаи «Russian Woman» иҷро кард ва аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳо шомил шуд.