Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи истифодаи замин дар минтақаи Рашт шинос гардид
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ва муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода аз 9 то 11 август бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, парвариши картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод аз наздик шинос шуда, бо роҳбарияти ноҳия ва кишоварзон суҳбату мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар доданд.
Зимни боздид аз ноҳияҳои зикршуда иттилоъ дода шуд, ки сокинони минтақаи Рашт асосан ба картошкапарварӣ машғул буда, соли равон низ кишоварзон навъҳои серҳосили картошкаро парвариш намуда истодаанд.
Муовини Сарвазири мамлакат ҳангоми боздид аз майдонҳои кишти зироати кишоварзӣ роҳбарияти ноҳияро даъват намуданд, ки барои амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баланд намудани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, самараноку оқилона истифода намудани ҳар қитъа замин, иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 18 июни соли равон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон баён намуда буданд, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, махсусан захираи хӯроки чорво ва таҷлили ҷашни солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ корбариро боз ҳам ҷоннок намоянд.