Таҷовузкор якумра паси панҷара рафт
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад:
Сокини ноҳияи Хуросон Болтахонов Рустам, 16 августи соли 2021 тахминан соатҳои 12:20 дақиқа дар ҳолати мастӣ, хурдсол М.М., 12 ноябри 2012 соли таваллудаш, сокини ноҳияи Хуросонро, ки бо дучарха машғули бозӣ будааст, дида бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш ворид намудааст. Пас, дар дохили ҳуҷраи истиқоматиаш ба хурдсол М. М. маблағи 10 сомонӣ ва ҳаргуна маҳсулоти хӯрокаи кудакона дода, дидаю дониста, ки М.М. ҳоло хурдсол буда, баръало ба синни 14 солагӣ нарасидааст, дар ҳолати оҷизона қарор дорад, бо М.М. ҳаракатҳои бадахлоқона намудааст. Бинобар сабаби нафси шаҳвониаш қонеъ нашудан ӯ кирдори ҷинояткоронаи худро тахминан 20-30 дақиқаи дигар давом додааст.
Болтахонов Рустам дидаву дониста, ки М. М. хурдсол буда, баръало ба синни 14 солагӣ нарасида, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, ӯро ба тахтапушт хобонда, ду маротиба тариқи маҷбурӣ алоқаи ҷинсӣ карда, нафси шаҳвониашро қонеъ кардааст. дар натиҷа хурдсол Бобокалонова М.М. аз ҳуш рафтааст.
Вақте М.М. ба ӯ гуфтааст, ки оид ба ин кирдори содиркардаи ӯ ба модараш хабар медиҳад, Болтахонов Рустам бо мақсади фош нашудани ҷинояти содиркардааш ва руйпӯш намудани он, бо дастонаш гулӯи М.М-ро буғӣ намуда, бо роҳи фишороварии роҳҳои нафасгирӣ ӯро ба марг расонида, сипас, ҷасадашро ба дохили ҷуйбори сементии (латок) обгузар, ки дар куча, дар рӯ ба рӯи дарвозаи ҳавлиаш ҷойгир аст, партофтааст.
Оид ба ҳолати мазкур санаи 17 августи соли 2021 аз ҷониби прокурори ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, нисбати Болтахонов Рустам Исматуллоевич, бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,л”, 138 қисми 3 банди “а” ва 139 қисми 4 банди “а”-и КҶ ҶумҳурииТоҷикистон првандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз анҷом ёфтни тафтиши пешакӣ ба суди вилояти Хатлон,ирсол карда шудааст.
Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 23 ноябри соли 2021 Болтахонов Рустам Исматуллоевич, бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,л”, 138 қисми 3 банди “а” ва 139 кисми 4 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси талаботи моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи маҷмӯъи ҷиноятҳо, ҷазои ниҳои дар намуди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш махсус таъин карда шудааст.