«Донишномаи Донишгоҳи омӯзгорӣ» нашр шуд

Яке аз дастовардҳои муҳимтарини Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2021 чопи китоби бузургу пурмуҳтаво бо номи «Донишномаи донишгоҳи омӯзгорӣ»  буд.

Навиштани донишнома дар таърихи халқи тоҷик маъмул аст ва аз анъанаҳои дерини ниёгонамон мебошад. Дар ин масир хирадмандони тавонманде қаламфарсоӣ кардаанд. Хушбахтона, ин амали муфид имрӯз низ дар мамлакати мо идома дорад ва дар айёми мо, ғолибан, офаридани донишномаҳои соҳавӣ бартарӣ пайдо кардааст.

Мураттибони китоб, устодони донишгоҳ, олимони шинохта Саидмуроди Хоҷазод, Шарифмурод Исрофилниё ва Сахидод Раҳматуллозода дар заминаи далелу арқоми фаровон таърихи ташаккул ва таҳаввули донишгоҳро ба таври васеъ таҳия, тадвин ва мунташир кардаанд.

Донишнома тавсифи талошу заҳмати устодони шарафмандро дар роҳи бунёд ва рушду камоли нахустин мактаби олии ҷумҳурӣ дар бар мегирад. Он  ҳамзамон иқдоми хайру солеҳ барои абадӣ гардонидани хотираи омӯзгоронест, ки новобаста ба мушкилиҳои айём дар таълиму тарбияи насли нави шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи арзанда гузоштаанду имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд.

Донишнома бо тартиби алифбоӣ тарҳрезӣ шуда, бо назардошти саҳми ҳар омӯзгор дар омӯзишу парвариш ва иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ маводи зарурӣ фароҳам омадааст. Дастандаркорон маводи зиёди пурқиматро ҷамъ оварда, коркард ва мавриди истифода қарор додаанд.

Чеҳраҳои илму адаб, Қаҳрамонҳои Тоҷикистон, ки кору пайкорашон ба соҳаи илму маориф ва донишгоҳи мавриди назар алоқамандӣ дорад ва шахсиятҳои маъруфи ҷодаҳои гуногун, ки ин боргоҳи илму маърифатро хатм карда, аз ҷониби ҷомеа ҳамчун шахсият эътироф шудаанд, ба китоб ворид гардидаанд.

Кӯшиш шудааст, ки донишнома ҳаддал имкон фарогири тамоми ҷанбаҳои донишгоҳ бошад ва шахсияте дар канор намонад. Донишнома фарогири маълумоти муътамад буда, барои доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE