Тоҷикистон ва Туркия ба мувофиқа расиданд, ки рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намоянд

12 январ вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашарафҷон Гулов бо Вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Меҳмет Эрсой баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба корбариҳо дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Комиссияи муштараки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия ибрози назар намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади васеъ муаррифӣ намудани иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шурӯъ аз 1 январи соли 2022 ҷорӣ гардидани низоми бидуни раводид ворид шудани шаҳрвандони Туркия ба Тоҷикистон Сафорат ҷиҳати ташкил ва баргузории Форуми сайёҳии ду кишвар дар яке аз шаҳрҳои Туркия кор бурда истодааст.

Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни ду кишвар чорабиниҳо ва конфронсу нишастҳои дахлдор, аз ҷумла рӯзҳои фарҳангӣ ташкил ва баргузор намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE