Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷайҳун Байрамов дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷонро баррасӣ карданд
Дар Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.
Вазирони корҳои хориҷӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷонро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарӣ муҳокима карда, роҷеъ ба рӯзномаҳои байанлмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Вазирон инчунин масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ карданд.