Муроҷиати ВКХ ба тоҷикони муқими Украина

Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои фавриро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре дар муроҷиати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, «бинобар аз ҷониби мақомоти Украина аз 24 феврали соли 2022 ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми ҳудуди кишвар Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои фавриро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.»

«Дар сурати пайдо шудани мушкилот дар қаламрави Украина шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина аз рӯи хатти алоқаи доимии рақами +380933361040 муроҷиат кунанд»,- таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE