Қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон-2022 баргузор гардид
Имрӯз, 2 март дар «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2022 оид ба футбол доир гардид, иттилоъ доданд аз Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар чемпионати Тоҷикистон даҳ даста баромад мекунанд. Инҳо дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «КМВА»-и шаҳри Душанбе, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ , «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Регар-ТАДАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод мебошанд.
Тибқи натиҷаи қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон дар соли 2022 дар даври аввал дастаҳои зерин бо якдигар бозӣ мекунанд:
- «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан
- «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб
- «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд
- «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «КМВА»-и шаҳри Душанбе
- «Регар-ТАДАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод