2 март рӯзи узвияти Тоҷикистон ба СММ таҷлил мешавад

Ҳамасола 2 март чун рӯзи узвияти СММ-ро касб намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯзи соли 1992 дар иҷлосияи 46-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид кишвари мо ба узвияти бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви СММ гардида, барои рушди ҳамкорӣ бо ташкилот, муассисаҳо ва ниҳодҳои тахассусии он заминаи устувор фароҳам овард. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори ҷомеа, ҳифзу мудирияти захираҳои об ҳамкории густурда ба роҳ мондааст.

Дар тӯли давраи таърихан начандон дарозмуддати узвият дар СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои муайяни ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид паси сар кард. Тавре маълум аст, дар оғоз дар натиҷаи вазъияти дохилӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ баҳри сулҳ ва субот дар кишвар афзалиятнок буд. Намояндагии аввали СММ – Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) — 1 феврали соли 1993 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Фаъолияти ДНСММТ пешравии раванди сулҳ дар Тоҷикистон, мусоидат ба амалиёти сулҳпарвар ва кумаки фаврии башардӯстонаро таъмин намуд. Бинобар иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон моҳи майи соли 2000 дар асоси ДНСММТ бо ташаббуси Дабири кулли ҳамонвақтаи СММ Кофи Аннан Дафтари СММ оид ба сулҳофарӣ дар Тоҷикистон (ДСММСТ) таъсис дода шуд.

29 сентябри соли 1993 бори нахуст дар таърихи мардуми тоҷик Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ карданд. Бори аввал ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ нақшаҳои созанда, ҳадафҳои осоишта ва ниятҳои неки давлати ҷавони соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ пешкаш гардиданд. Аз ин рӯ, 29 сентябр дар кишвари мо Рӯзи кормандони хадамоти дипломатӣ таҷлил мегардад.

Моҳи августи соли 2007 Дафтар оид ба мусоидат ба сулҳпарварӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро бомуваффақият ба анҷом расонид. Даҳҳо кормандони ин дафтар бо мукофотҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Ба даст овардани оштии миллӣ дар Тоҷикистон бо мусоидати СММ ва кишварҳои кафил ҳамчун намунаи дипломатияи боздоранда барои кишварҳое, ки низоъҳои дохилӣ доранд, шуда метавонад.

Тоҷикистон терроризми байналмилалиро дар ҳама шаклҳояш қотеъона ва бечунучаро маҳкум намуда, ҷонибдори муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаҳои 1267, 1373, 1540, 1566, 1617 ва ғайра, Стратегияи глобалии мубориза бо терроризми СММ-ро дастгирӣ кард. Соли 2008 бори нахуст шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи неруҳои байналмилалии посдори сулҳи СММ шомил шуда, дар истиқрори сулҳ дар Дарфур саҳм гузоштанд.

Тоҷикистон аз нақши пешбари СММ дар мубориза бо тиҷорати ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва яроқи сабук пуштибонӣ мекунад, хоҳиши ҷомеаи байналмилалиро барои ноил шудан ба манъи пурраи минаҳои зидди пиёдагард комилан дастгирӣ менамояд, муқаррароти асосии Конвенсия оид ба манъи истифода, захиракунӣ, истеҳсол ва интиқоли минаҳои зидди пиёдагард ва нобудсозии онҳоро (Конвенсияи Оттава) амалӣ мекунад, ҳамасола ба Котиби генералии СММ оид ба ҳолати хатари минаҳо маълумот пешниҳод менамояд. Нобудкунии тамоми захираҳои минаҳои зидди пиёдагард, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, таъмин карда шуд.

Дар роҳи муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста саъй дорад, ки дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ тадбирҳои дахлдор андешад. Тоҷикистон бо пуштибонии қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ ва Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар ин самт бо ниҳодҳои махсуси СММ, аз ҷумла Кумитаи зиддитеррористии СММ ва Маркази зиддитеррористии СММ ҳамкории зич дорад.

Бо дарназардошти афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ дар кишвар ва татбиқи Нақшаи амалиёти муштараки Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ дар соли 2016 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 қабул гардид, ки мақсад аз он андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ буд.

Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад. Аз соли 1993 бо оғози фаъолияти Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сар карда, ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ шурӯъ шуд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон ҷумҳурӣ бо СММ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи таъмини сулҳу субот дар ҷаҳон, мубориза бо таҳдиду чолищҳои муосир ба амният, ҳифзи муҳити зист, рушди устувори ҷомеа ва идораи захираҳои об фаъолона ҳамкорӣ дорад.

Муҳимтарин дастовардҳои ҳамкории судманди СММ ва Тоҷикистон 4 иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки аҳамияти ҷаҳонӣ доранд. Ин иқдомҳо оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза; оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»; оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мебошанд.

ҶТ бо дигар сохторҳои созмон фаъолона ҳамкорӣ мекунад.

Яке аз дастовардҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо СММ, бахусус, бо Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон бозгашти гурезаҳои тоҷик ба Ватан ва ҳамгироии бемамониати онҳо дар ҷомеа мебошад.

Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар соҳаи муҳоҷират дар чаҳорчӯби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ), ки фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1992, баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ оғоз кардааст, сурат мегирад.

Соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СБМ узвият ба даст овард ва худи ҳамон сол миёни Ҳукумати кишвар ва ин ниҳоди СММ созишнома оид ба ҳамкорӣ имзо шуд.

Татбиқи ҷанбаҳои иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамкории СММ бо Ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тавассути Намояндагии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон сурат мегирад. Намояндагии БРСММ моҳи декабри соли 1993 таъсис дода шуда, ҳамон сол Созишномаи кишварӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва БРСММ, ки барои фаъолияти созмон асоси ҳуқуқӣ бунёд намуд, ба имзо расид. Дар ибтидо Созишномаи сиғавӣ барои давраи солҳои 1999-2000 тасдиқ шуда буд, пас аз он то охири соли 2004 тамдид шуд, баъдан марҳилаи гузаштаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону БРСММ бо Барномаи нави кишварии БРСММ барои солҳои 2005-2009 муайян шуд, ки ҷузви асосии Консепсия оид ба расонидани кумак дар рушди Тоҷикистон буд.

Дар он марҳила ҳамкории Барномаи сиғавии СММ оид ба расонидани кумак баҳри рушд (UNDAF) барои солҳои 2010-2015 ва Нақшаи амали Барномаи кишварии БРСММ (CPAP) барои солҳои 2010-2015 амал карданд, ки 16 декабри соли 2009 имзо шуданд.

Воқеан, дар ҳама зинаҳо масъулияти БРСММ ва дигар сохторҳои СММ эҳсос карда мешавад, ки барои ноил шудан ба афзалияти стратегии асосии кишвар равона карда шудаанд. Ин афзалият дар ду санади муҳими аз ҷониби СММ ва БРСММ қабулшуда инъикос ёфтаанд, ки Барномаи чаҳорчўбаи СММ оид ба рушд барои солҳои 2016-2020 (UNDAF) ва Барномаи мамлакатии (кишварии) БРССМ барои солҳои 2016-2020 мебошанд. Барномаи UNDAF барои солҳои 2016-2020 дар чаҳор самти стратегӣ гурўҳбандӣ шудааст. Ҳадафи асосии барнома ба даст овардани сатҳи баланди рушди иҷтимоиву иқтисодии мардуми кишвар мебошад. Дар асоси стратегияи мазкур пешниҳодоти зайл пешбинӣ шудааст: тағйирот дар сохтори иҷтимоии кишвар ба манфиати табақаи миёна, паст кардани тафовути иқтисодии аҳолӣ, ба роҳ мондани рушди инноватсионӣ дар асоси рушди муосири илмию техникӣ, дуруст ба роҳ мондани таъминоти захираҳои энергетикии кишвар дар дохил ва беруни кишвар, таъсиси шабакаи васеи нақлиёт, аз ҷумла рушди долони нақлиётӣ байни минтақаҳо, рушди фазоии Тоҷикистон дар асоси ташаккули марказҳои минтақавӣ ва паст кардани нобаробарии минтақавӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди инсонӣ ва ғайра.

Ҳамзамон БРСММ дар таҳкими иқтидору захираҳо ва васеъ намудани имконияти кишвар бобати ноил шудан ба ҳадафҳои рушд дар доираи уҳдадориҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, ба монанди Эъломия оид ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, инчунин Стратегияи миллии рушди ҶТ ва барномаҳои миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши арзанда дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар доираи татбиқи якчанд барномаҳои гуногунсамт, аз ҷумла ҳамоҳангсозии кумаки башардӯстонаи созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ, ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, таҳкими саломатии модару кӯдак, ба мисли барномаи солимии репродуктивӣ, барномаи пешгирии бемории вараҷа, назорати сил ва HIV/AIDS, бемориҳои ғайримуқаррарӣ ва саломатии равонӣ, ғизо, амнияти озуқаворӣ, инчунин омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ба роҳ мондааст.

Бояд гуфт, ки Созмони Милали Муттаҳид яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад, ки соли 1945 бо мақсади таҳкими сулҳи байналмилалӣ ва рушди ҳамкорӣ миёни давлатҳо таъсис ёфтааст. Номи «Милали Муттаҳид» бори аввал дар Эъломияи Милали Муттаҳид, ки 1 январи соли 1942 ба имзо расида буд, истифода шудааст.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE