Қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон-2022 баргузор гардид

Имрӯз, 2 март дар «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2022 оид ба футбол доир гардид, иттилоъ доданд аз Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар чемпионати Тоҷикистон даҳ даста баромад мекунанд. Инҳо дастаҳои  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Хуҷанд»-и  шаҳри Хуҷанд, Хатлон»-и  шаҳри Бохтар,  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Истаравшан»-и шаҳри  Истаравшан, «КМВА»-и шаҳри Душанбе,   «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ , «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб,  «Регар-ТАДАЗ»-и шаҳри Турсунзода  ва «Равшан»-и  ноҳияи Зафаробод мебошанд.

Тибқи натиҷаи қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон дар соли 2022 дар даври аввал дастаҳои зерин бо якдигар бозӣ мекунанд:

  1. «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо  «Истаравшан»-и шаҳри  Истаравшан
  2. «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб 
  3. «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хуҷанд»-и  шаҳри Хуҷанд
  4. «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «КМВА»-и шаҳри Душанбе  
  5. «Регар-ТАДАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо  «Равшан»-и  ноҳияи Зафаробод  

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE