ПАГОҲ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУСОБИҚАИ «CAFA FUTSAL CUP-2023» ОҒОЗ МЕГАРДАД

23 июл дар шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи футзал таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз мешавад. Дастаҳои шаш кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон барои медалҳо мубориза мебаранд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар маҷмуъ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила доир мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ баргузор мешаванд. Нархи чиптаи бозӣ 20 сомониро ташкил медиҳад. Чиптаҳоро аз сомонаи ticketon.tj ва инчунин аз хазинаи маҷмааи варзишӣ дастрас кардан мумкин аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE