Чин аз хуруҷи нави сирояти коронавирус хабар медиҳад

Рӯзи 15-уми март дар Ҷумҳурии Мардумии Чин афзоиши якбораи шумори мубталоён ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии тандурустии ин кишвар.

Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи душанбеи 14-уми март 3602 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Аз ин шумора 95 нафар шаҳрвандони хориҷа ва  3507 нафарашро шаҳрвандони худи Чин ташкил медиҳанд. Ҳоло дар бораи сабабҳои хуруҷ намудани сирояти нав ва хатарнокии он маълумоти муфасал дода нашудааст.

Дар маҷмӯъ, дар давраи пандемияи коронавирус дар Чин 120 504 ҳолати гирифторӣ ба ковид-19  ба қайд гирифта шуда, 4 636 нафар аз бемориҳои марбут ба вирус фавтиданд. Ёдовар мешавем, ки аввалин маротиба бемории сироятии каронавирус

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE