Афғонистон: Ҳушдори Бонки Ҷаҳонӣ аз бадшавии вазъи амнияти озуқаворӣ
Дар асоси гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ, дар Афғонистон дастрасӣ ба ғизо, пас аз тасарруфи «Толибон»* бадтар шудааст.
Мувофиқи маълумоте, ки рӯзи 15 март нашр шуд, давоми ҳафт моҳи гузашта коргарон ва хизматчиён аз се ду қисми даромади молиявии худро аз даст доданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии байналмилалии «Афғонистон» хабар додааст.
Ин гузориш дар асоси мусоҳибае таҳия шудааст, ки он бо 5000 хонавода дар Афғонистон анҷом шудааст. Тибқи ин санад, яке аз сабабҳои аслӣ коҳиши маош ва даромади ками мардум аст.
Мувофиқи арзёбии коршиносон, дар ду даҳсолаи ахир иқтисоди Афғонистон, бинобар вобастагии худ ба кӯмакҳои байналмилалӣ, давраи душвореро паси сар мекунад.
Бонки Ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки “вазъи шуғли аҳолӣ ва хидматрасонии мардум ба ҳадде осебпазир аст, ки агар маош ба ҳолати муқаррарӣ барнагардад ва дастрасии мардум ба ғизо афзоиш наёбад, вазъи мардум бадтар мешавад.”
* гуруҳи мамнуъ дар қаламрави Тоҷикистон