СММ хостори кӯмак ба аҳолии зарардидаи Афғонистон гардид

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар робита ба талафоти ҷонӣ бар асари заминларза дар шарқи Афғонистон изҳори ҳамдардии амиқ кард ва аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, ки ба Афғонистон дар рафъи оқибатҳои заминларза кумак кунанд. Дар ин бора хабаргузории Синхуа иттилоъ додааст. Ба гуфтаи Антониу Гутерриш, кормандони СММ дар Афғонистон эҳтиёҷоти башардӯстонаро арзёбӣ намуда, кумакҳои пешакӣ ироа мекунанд. Ӯ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, ба афғонҳое, ки аз заминларза осеб дидаанд, кумак кунанд. Ёдовар мешавем, ки санаи 22-уми июн соати 1:30 ба вақти маҳаллӣ дар шарқи Афғонистон заминларза бо қуваи 5,9 дараҷа рух дод, ки бар асари он беш аз 1500 нафар ба ҳалокат расида 2000 нафари дигар захмӣ гардиданд. Тавре расонаҳои маҳаллӣ дар такя ба маълумоти мақомот хабар ддоданд, шумори қурбониён метавонад афзоиш ёбад, зеро заминларза садҳо хонаро дар минтақаи кӯҳистонӣ тахриб кардааст ва чандин нафар то ҳол зери харобаҳо боқӣ мондаанд.

Баҳруллои Маҳмадшариф

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE