Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Ваагн Хачатурян

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Ваагн Хачатурян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Ваагн Гарникович,

Ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Арманистон ба Шумо табрику таҳнияти самимӣ ва таманниёти неки худро мерасонам.

Тоҷикистон ва Арманистонро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда бо ҳам мепайванданд.

Итминон дорам, ки муносибатҳо миёни кишварҳоямон минбаъд низ тавсеа ёфта, соҳаҳои нави ҳамкориро фаро хоҳанд гирифт. Омодаам дар ин ҷода якҷоя бо Шумо саъю талошҳои лозимаро ба харҷ диҳам.

Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Ваагн Гарникович, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳ, шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ орзу менамоям».

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE