Барқияҳои табрикии сарони давлатҳо ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Дар рӯзҳои ҷашнии наврӯзӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Дар робита ба табрикотатон барои Иди баҳори Чин аз самими қалб миннатдории худро иброз менамоям. Ба муносибати фарорасии Наврӯз, иди анъанавии Тоҷикистон, иҷозат фармоед, то Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро аз номи худ ва мардуми Чин самимона табрику таҳният бигӯям.

Ба наздикӣ мо муштаракан 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказиро таҷлил намудем.

Дар давраи иштироки Шумо дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона дар Пекин мо зимни суҳбати пурмуҳтаво ҷиҳати таъмиқи робитаҳои Чину Тоҷикистон ба як қатор мувофиқаҳо даст ёфтем.

Ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям ва омодаам ҳамроҳ бо Шумо дар ростои таҳкими  дӯстии анъанавӣ миёни ду кишвар ва бардоштани онҳо ба зинаҳои нав ба нафъи ду давлат ва мардумонамон саъю талош намоям.

Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолиятатон комёбиҳо орзумандам.

Ба мардуми дӯсти Тоҷикистон саодату некуаҳволӣ хоҳонам».

Дар табрикоти Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ман мехоҳам ба Шумо, аҳли оилаи Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи осоишта, шодмон ва шукуфон орзу намоям.

Мардуми зиёд дар Иёлоти Муттаҳида ва дар саросари ҷаҳон дар ин ҷашни навсозӣ ва эҳё ба ҳам меоянд.

Имсол Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии робитаҳои дипломатиашонро ҷашн мегиранд. Кишварҳои мо дар ин муддат бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои умумӣ бомуваффақият ҳамкорӣ доштанд.

Маъмурияти ман хостори идомаи минбаъдаи чунин ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемия, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёти ҷонибҳо, рафъи нигарониҳои муштараки амниятӣ ва бо мақсади таъмиқи бештари муносиботи барои ҷонибҳо судманд мебошад.

Мо инчунин омодаем, ки бо Шумо дар пешбурди раванди “C5+1” ва дастгирии ҳадафҳои муштараки минтақавӣ ҳамкорӣ намоем».

Дар номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев чунин навишта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Ба муносибати  фарорасии Наврӯз, иди бедориву навсозии баҳорӣ Шумо, Ҷаноби Олӣ,  ва мардуми дӯсти кишваратонро сидқан ва гарму ҷӯшон табрик намуда, таманниёти самимии худро ба Шумо ирсол менамоям.

Иди Наврӯз, ки таҷассумгари расму оинҳои умумӣ, арзишҳои воло ва анъанаҳои камназири мардумони бародари мо мебошад, ҳамчун сарчашмаи муҳими маънавӣ ҷиҳати таҳкими минбаъдаи рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамраъйии минтақавӣ хизмат менамояд.

Шарикии стратегии байни Узбекистону Тоҷикистон, ки бар пояи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ устувор шудааст, ба шарофати саъю талошҳои қатъии мо, бешубҳа, минбаъд низ ба таври пайваста тавсеа хоҳад ёфт.

Сафари Шумо ба Узбекистон, ки дар ояндаи  наздик сурат мегирад, бешак, ба таъмиқи минбаъдаи равобити байни кишварҳоямон такону нерӯи тоза хоҳад бахшид.

Дар ин айёми фараҳбахш, ки саршор аз илҳоми баҳорист, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, умри дароз, саломатии бардавом, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон комёбиҳои нав, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу некӯаҳволӣ орзу менамоям».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шумо ва ҳамватанони Шуморо ба муносибати иди барои ҳамаи мо умумӣ – Навруз сидқан табрик менамоям.

Ин иди мубораки баҳор, ки арзишҳои волои ахлоқиро таҷассум менамояд, моро ба азнавсозии маънавӣ ва сулҳу ягонагӣ водор месозад. Бигзор Наврӯзи аз қадимулайём соҳибқадр ба давлатҳои ба ҳам бародару муттафиқи мо хушнудиву осудаҳолӣ эҳдо намояд.

Итминони комил дорам, ки ба туфайли талошҳои муштараки мо шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки бар дӯстии мустаҳкам ва дастгирии якдигар асос ёфтааст, ба нафъи мардумонамон минбаъд низ ба таври афзоянда рушд хоҳад ёфт.

Дар ин рӯзи фирӯз ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар татбиқи ҳамаи иқдомҳои некатон ба хотири пешрафту рушди босуботи кишваратон комёбиҳои бузург, ба мардуми бародари Тоҷикистон некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам.

Бигзор Наврӯз осудаҳоливу шукуфоиро насиби ҳар як хонадон гардонад!».

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар табрикоти худ гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Ба муносибати фаро расидани иди Наврӯзи ҳуҷаста Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро аз номи худ ва халқи Озарбойҷон аз самими қалб табрик менамоям.

Ин ҷашн таҷассумгари пурраи фалсафаи ҳаётӣ ва ҳазорон солҳо озмудашуда буда, нишонгари дурахшандаи меҳр ва эҳтироми баланд ба табиат мебошад.

Итминон дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон, ки имрӯз анъанаҳои бостонии Наврӯзро ба манфиати халқҳои ду кишвар зинда нигоҳ медоранд, минбаъд инкишоф ва тақвият хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо тандурустй, хушбахтй ва дар фаъолиятатон муваффақият, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон суботи доимӣ таманно дорам».

Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шуморо ба муносибати иди Наврӯз сидқан табрик менамоям.

Наврӯз иди куҳанбунёди зиндагиву сарчашмаи баҳор ва орзуҳои дурахшони оянда аст.

Бовар дорам, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар минбаъд низ дар рӯҳияи дӯстиву некуҳамсоягӣ таҳкиму таъмиқ  хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон  сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям».

Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Бо сарфарозӣ ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ирсол менамоям.

Иди Наврӯз аз қадимулайём таҷассумгари эҳёи табиат, тантанаи зиндагӣ ва омадани баҳор мебошад. Ин ид анъанаҳои меҳмоннавозӣ, сулҳдӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва усулҳои волои инсондӯстиро фаро гирифта, барои таҳкими ягонагӣ ва дӯстии мардумон аҳаммияти хосса дорад.

Бигзор ҷашни ин иди фархунда ба Шумо ва тамоми мардуми кишвари Шумо хушнудиву некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ оварад!».

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати фаро расидани Наврӯзи нишотофарин ва дубора ҷон ёфтани табиату замин, фаро расидани соли 1401 ҳиҷрии хуршедиро ба Ҷаноби Олӣ, хонаводаи муҳтарам ва мардуми азизи кишваратон самимона табрик ва таҳният мегӯям. Наврӯз намод ва падидаи тамаддунии арзишгаро аст.

Таваҷҷуҳ ба дигаргунии табиат, мояи бедории дил ва дастовезе барои рушду таолии башарият аст. Шоири бузург Саъдӣ низ ба некӣ месарояд:

Хезу ғанимат шумор ҷунбиши боди рабеъ,
Нолаи мавзуни мурғ бӯи хуши лолазор.

Умедворам, дар қарни ҷадид ҳаракат ба сӯи арзишҳои инсонӣ суръати бештаре ёбад ва ҳамчунин Наврӯз, рӯзу рӯзгори шодтар ва хуррамтаре барои дилҳо ва ҷонҳои ҳамаи мардумони он диёр ва ҳамдиливу оромиши бештар барои ҳамаи миллатҳои минтақа рақам бихӯрад. Ҷумҳурии Исломин Эрон тақвияту густариши ин ҳамбастагии фарҳангиро навидбахши оромиш ва сулҳ барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон медонад ва дар ин росто дасти дӯстиро ба гармӣ ба сӯи ҳамаи кишварҳо дароз мекунад.

Аз Худовандн мутаол саломативу муваффақияти он Ҷаноб ва шодкомиву сарафрозии кишвари дӯсту бародари Тоҷикистонро хосторам ва соле саршор аз хайру баракат барои Шумо орзӯ дорам».

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идома дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE