27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд.

Маркази агрологистикӣ дар ҳудуди минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, барои қабул, нигоҳдорӣ, коркард ва омодасозии маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Иқтидори марказ имкон медиҳад, ки дар як вақт то 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ қабул ва коркард шавад.
Тибқи лоиҳа, дар марказ 3 хатти муосири технологӣ насб гардида, маҳсулоти кишоварзӣ аз марҳилаҳои ҷудокунии навъҳо, тозакунӣ, санҷиши сифат, тамғагузорӣ ва бастабандӣ гузашта, мутобиқ ба талаботи бозори дохилӣ ва стандартҳои байналмилалӣ омода карда мешавад. Дар натиҷа 64 ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис хоҳад ёфт.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #ВМКБ #GBAO #ГБАО

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE