28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳри Хоруғ ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ, мисли лаҳзаҳои истиқболи эшон, бо шукӯҳу шаҳомат ва эҳсоси баланди сипосгузории мардуми Бадахшон доир гардид. Сокинони вилоят бо садоқат ва муҳаббати самимӣ Роҳбари давлатро дар фазои пур аз эҳтиром ва шодиву нишот гусел карданд.
Аҳли фарҳанги вилоят бо ҷалби беш аз 1500 нафар ҳунармандону сокинон барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзур намуда, сурудҳои васфи Ватан, Пешвои миллат ва муҳаббати халқро бо завқи баланд иҷро карданд. Лаҳзаҳои гусел воқеан ба як саҳнаи эҳсоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба сиёсати хирадмандонаву инсондӯстонаи Пешвои миллат табдил ёфт.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #ВМКБ #GBAO #ГБАО

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE