РВКД дар шаҳри Душанбе бо кормандони БДА машварат доир кард

Нозирони роҳ симои милитсия ба ҳисоб рафта, аз дараҷаи касбият ва одобу муоширати онҳо бо шаҳрвандон фаъолияти тамоми мақомоти корҳои дохилӣ баҳо дода мешавад. Вобаста ба ин нозирони роҳ зимни адои хизмат бо ронандагону шаҳрвандон одоби муоширатро риоя намуда, ҷиҳати ошкору бартарафсозии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, иброз намуд сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода зимни ҷаласаи хизматии кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе.

Ддар ҷаласаи мазкур роҳбарият ва ҳамаи кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Зикр гардид, ки бо талошу заҳматҳои роҳбарияти олии кишвар ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сол то сол хизматрасонии нақлиётӣ беҳтар гардида, роҳҳои нақлиётгарди пойтахт навсозӣ карда шудаанд. Аммо, ҳанӯз баъзе ронандагон, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш ва баъзе ронандагони мусофиркашони ҷамъиятӣ одитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар қатори дуюму сеюми роҳ, дохили истгоҳ ва дигар ҷойҳои муқаррар нагардида ба таври дуру дароз таваққуф менамоянд, ки ин амали онҳо боиси танбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт шуда, боиси беназмӣ дар роҳҳои пойтахт мегардад. Ҷиҳати бартарафсозии ин ва дигар қоидавайронкуниҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки дар ҷараёни ҷаласа баррасӣ шуд, ин ба танзим даровардани хизматрасонии воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ буд, ки вақтҳои охир содиршавии садамаҳои нақлиётӣ ва дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон ба чашм мерасад. Бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва одоби шаҳрдорӣ баргузории якчанд санҷишу амалиёт ва гузаронидани вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ронандагони мусофиркашони ҷамъиятӣ ба нақша гирифта шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт нақши шаҳрвандонро низ дар таъмини назму тартибот ва пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ назаррас арзёбӣ намуд. Чуноне таъкид гардид, шаҳрвандон бо мақомоти милитсия ҳамкории зич ба роҳ монда, ҳамарӯза бо мушоҳидаи амалу кирдорҳои номатлуб онро ба навор ва расм гирифта, ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ирсол менамоянд.

Баррасии арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон бевосита зери назорати роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE