Дар Душанбе иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи пойтахт доир гардид
Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи XI Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид. Дар ин бора дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар кори иҷлосия муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғози иҷлосия вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори иҷлосияро тасдиқ намуданд.
Сипас, Раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз натиҷаи интихоботи гузашта дар ҳавзаҳои интихоботии №11, 15 ва 62 гузориш дода, аз рӯи он ваколати вакилони навинтихобшударо тасдиқ намуданд ва савганди вакилии онҳо шунида шуд.
Вакилон дар идома ҷараёни татбиқи «Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди пойтахтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси шаҳр ба муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳр, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои дахлдори соҳа дастур доданд, ки бо мақсади риояи талаботи қонунгузории шаҳрсозӣ дар ҳудуди пойтахт чораҳои таъхирнопазир андешида, ҷиҳати риоя ва назорати татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, таҳияи харитаи электронии тамоми шабакаҳои муҳандисӣ, мукаммал намудани корҳои лоиҳакашӣ, иҷрои талаботи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе оид ба лоиҳакашӣ ва иҷозати сохтмон, пешгирии ғасби замин ва сохтмони худсарона, сари вақт ба истифода додану қабул намудани иншоот ва биноҳо, тозаю озода нигоҳ доштани ҳолати санитарии дохили биноҳо, ҷойгиронии нуқтањои партовпартоии замонавӣ дар назди биноҳо, истифодаи унсурҳои миллӣ ва замонавӣ дар намуди зоҳирии биноҳои сохташаванда ва бозбинӣ намудани меъёрҳои сохтмонӣ махсусан бобати масофаи байни биноҳо тадбирандешӣ намоянд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр доир ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар шаҳри Душанбе шунида шуд.
ас аз муҳокима ва таҳлили ҳамаҷониба ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки иҷрои чорабиниҳо оид ба саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанберо барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 таъмин намуда, нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди пойтахт, омодасозии корхонаҳои нақлиётӣ ба давраи сардӣ, ба миқдори зарурӣ захира намудани намак ва дигар маводҳои зиддилағжишӣ, бо риояи технологияи муайяншуда нигоҳдорӣ намудани роҳҳои автомобилгарди пойтахт ва анҷом додани таъмири ҷойҳои кандашуда то мавсими сардиҳо бо истифода аз боду ҳавои мусоид, таъмини мунтазами оби нӯшокӣ ба аҳолӣ, таъмири лукидонҳо, насосҳои обкашӣ, ҷумакҳои оби ошомиданӣ, тозакунии чоҳҳо, корҳои таъмиру барқароркунӣ дар иншоотҳои обтаъминкунӣ ва захираи маҳлулҳои безараргардонӣ, пурра омода намудани фаъолияти самараноки муассисаҳои соҳавӣ дар мавсими зимистон, захира намудани маводи сӯзишворӣ, ангишт, ҳезум ва маводи озуқаворӣ, нигоҳдории майдончаҳои варзишии ҳудуди шаҳри Душанбе ва бахусус саривақт аз боришот тоза кардани онҳо, қабули самараноки энергияи гармӣ, пардохт намудани маблағи қарзи ҳаққи истифодаи энергияи гармӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ, пайвастшавии 220 бинову иншоот ва манзилҳои истиқоматӣ ба шабакаи гармидиҳӣ, вусъат бахшидани корҳо дар лоиҳаҳои қарзию грантии таъминоти гармӣ, кам намудани талафоти техникии энергияи барқ, саривақт ба анҷом расонидани корҳои техникии мавсимӣ, таъмири трансформаторҳо, ивази хатҳои зеризаминию пояҳои чӯбини фарсудашуда, омода намудани иншоотҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, тозаву озода нигоҳ доштани боғҳо, кӯчаву гулгаштҳо, тарабхонаҳо, нишон додани фарҳангу маданияти воло дар муомила ва муошират бо сайёҳону меҳмонон, омодагӣ ба давраи ниҳолшинонӣ, кишти тирамоҳӣ дар заминҳои воридшуда, ҳамчунин захираи молу маҳсулот ва маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили орд, биринҷ, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, меваю сабзавот ва консерваҳо, бо нархҳои дастрас таъмин намудани сокинони пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идомаи маҷлис вакилон татбиқи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» ва иҷрои Нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи эълони «Солҳои рушди саноат»-ро муҳокима намуда, дар ин бора ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Дар ин раванд Раиси шаҳр ҷиҳати иҷрои барномаҳои соҳа ва бандҳои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022-2026 вобаста ба рушди соҳаи саноати сабук, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, таъсиси корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ, атласу адрас, қолин, истеҳсоли маводҳои шустушӯӣ, доруворӣ, пойафзол, асбобу аёниятҳои дарсӣ, ҷиҳозбарорӣ ва мебелбарорӣ барои муассисаҳои таълимии миёна ва томактабӣ ва бо ин роҳ зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, тақвият бахшидани рушди содирот ва ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, дарёфти бозорҳои нав ва мустаҳкам намудани мавқеи маҳсулоти саноати сабук бахусус дар бозорҳои дохилӣ, таъсиси корхонаҳои саноати сабук дар соҳаи хӯрокворӣ ва маҳсулоти нонӣ, рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин васила муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ махсусан барои занону бонувон ва омӯзиши онҳо, инчунин бо сифат анҷом додани корҳо дар корхонаҳое, ки то охири сол бояд ба истифода дода шаванд ва дигар масъалаҳои мубрам дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идомаи маҷлис вакилон масъалаи ворид намудани тағйирот ба замимаҳои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, №7-ро мавриди баррасӣ қарор дода, тибқи он вакилони интихобшуда ба аъзогии комиссияҳои доимӣ шомил карда шуданд.
Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ карданд.