Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро ба Душанбе даъват карданд
Имрӯз зимни суханронӣ дар Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни онро ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июни соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, даъват карданд.
«Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи иштирокчиёни Саммити кунуниро ба Конфронси Душанбе ва гузоштани саҳми муносиб ба раванди омодагирӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид даъват менамоям», — иброз доштанд Пешвои миллат.
Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи нави амал «Об барои рушди устувор» «Раванди оби Душанбе»-ро оғоз бахшида, соли 2018 Конфронси нахустини сатҳи баландро оид ба Даҳсола доир намуд ва баргузории Конфронси навбатии онро 6-9 июни соли ҷорӣ дар назар дорад.
Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором хизмат хоҳад кард ва дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт.
Мавриди зикр аст, ки Конфронси соли 2023 дар Ню-Йорк, ки зери ҳамраисии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия сурат хоҳад гирифт, баъд аз қариб панҷоҳ соли нахустин Конфронси оби соли 1977-и СММ баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором 23-24 апрел дар Кумамотои Ҷопон баргузор гардида, дар он ҳайатҳои сатҳи баланд, аз ҷумла сарони давлатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором масоили мухталифро вобаста ба захираҳои об баррасӣ хоҳанд кард.
Тоҷикистонро дар Саммити мазкур Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа ва муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода намояндагӣ доранд.