Душанбе: Ҳамоиши сайёҳӣ доир гардид
Тайи ду соли охир ҳудуди 50 ширкати нави туристӣ вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардида, алҳол теъдоди умумии ширкатҳои сайёҳӣ дар кишвар ба 240 адад мерасад, ки нақши онҳо дар муаррифии зарфияти гардишгарии кишвар, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ва рушди иқтисодиёти миллӣ назаррас арзёбӣ мегардад. Ин матлаб дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе бо иштироки роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, инчунин кормандони масъули Сафорати Русия дар Тоҷикистон доир гардид, зикр шуд.
Ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуда, ҳадафаш баррасии масъалаҳои мубрами марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мебошад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода бо дахли вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон иброз намуд, ки сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисодиёт дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва аз ҷониби Роҳбар давлат дастгирӣ меёбад. Пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ аз ҳамин қабил аст. Эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон (соли 2018) ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (солҳои 2019-2021) аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба рушди соҳаи сайёҳӣ шаҳодат медиҳанд. Дар доираи ин солҳо маҳз бо таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ рушд намуд ва Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардид.
Бунёди шабакаҳои муосири коммуникатсионию логистикӣ, хусусан шоҳроҳҳои байналмилалии нақлиётии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ, ташкили полиси сайёҳӣ ҷиҳати таъмини амнияти сайёҳон, бунёди 25 ҳазор иншоот ва инфрасохтори гуногун бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон ва меҳмонон бозгӯи таваҷҷуҳи бештари роҳбарият ва ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Инчунин Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ба 126 кишвари ҷаҳон низоми ба таври сода (электронӣ) дастрас намудани раводидро пешниҳод намуда, шаҳрвандони 52 давлати ҷаҳон шурӯъ аз соли 2022 бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯз имкон доранд аз Тоҷикистон боздид намоянд.
Дар ҳамоиш мақсаднокӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳии кишвар ба талаботи муосир ва рақобатпазирии онҳо дар бозори сайёҳӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд. Аз ҷумла, ғанӣ гардонидани таркиби сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, зиёд таҳия ва нашр намудани маводи нави иттилоотии тарғиботӣ ва муаррифии онҳо тавассути шабакаҳои имконпазири иттилоотӣ, истифодаи самараноки имтиёзҳои соҳавӣ, тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои шарик ва ҳамҷавор, аз ҷумла Русия ва Узбекистон, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ҷавобгў ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳии ширкатҳои сайёҳӣ масъалагузорӣ гардид.
Зикр шуд, ки тарғиби дастовардҳои сайёҳӣ, маконҳои ҷолиби таърихию фарҳангӣ, манзараҳои нотакрори табиати Тоҷикистон дар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ далели рушд ва густариши соҳаи сайёҳӣ дар баробари дигар соҳаҳо дар Тоҷикистон аст. Дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии ба қайд гирифташуда ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи табиат мусоидат менамоянд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкориро боз ҳам густариш медиҳад.
Бо дарназардошти он ки Тоҷикистон дорои табиати беҳамтост, ба таври шоиста муаррифӣ намудани он дар арсаи байналамилалӣ барои рушди соҳа ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат мекунад. Тоҷикистон дорои имконияти бойи сайёҳӣ буда, бояд тарғибу ташвиқи онҳо ба таври дуруст ва ҷалбкунанда ба роҳ монда шавад.
Ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия дода шуд, ки барои ҷалби бештари сайёҳон аз кишварҳои ИДМ, хусусан Русия фаъолияти худро тақвият бахшида, ба дӯстдорони сайру саёҳати Тоҷикистон маҳсулоти рақобатпазирро бо нархҳои дастрас пешниҳод намоянд.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ташкили дурусти кор ҷиҳати таъмини хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷону сайёҳон дар меҳмонхонаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон ба кишвар, таъмини ҳаракати бемамониати шаҳрвандон бо истифода аз нархҳои дастрас, ташкили хатсайрҳои нави парвози тайёраҳо ва ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешад.