Бохтар: ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил гардид

Шурӯъ аз 23 апрел дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон фаъолият дорад, ки то 1 май идома меёбад.

Дар ярмаркаи мазкур нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал назар ба бозор нисбатан арзонтар аст. Масалан, орд бо нархи 260-290 сомонӣ, 1 литр равған 24 сомонӣ, 1 кг гӯшт 58 сомонӣ, як қуттӣ тухм 25-27 сомонӣ, 1 кг макарон 7-10 сомонӣ, меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ бо нархи арзонтар пешкаши харидорони шаҳр гардидаанд.

Ярмарка-фурӯши мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо мақсади танзими нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозорҳои истеъмолӣ, пешгирии болоравии нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии виялоти Хатлон доир гардидааст.

Ба гуфти сокини шаҳри Бохтар Маҳмадшо Шаробов, «дар арафаи моҳи мубораки Рамазон ташкил намудани чунин ярмаркаҳо баманфиат хоҳад буд. Ҳоло мо бо нархҳои нисбатан арзон маҳсулоти хӯрокворӣ мехарем. Дар бозор нархи маҳсулот каме қиматтар аст. Инҷо метавонед ҳам бо нархи дастрас харидорӣ кунеду ҳам соҳиби маҳсулоти хушсифат шавед. Хуб мешуд чунин ярмаркаҳо зиёдтар доир карда шаванд, то мардум бо нархи нисбатан арзон маҳсулоти зарурии худро дастрас намояд».

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE