Имсол 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Британияи Кабир сафарбар мегарданд
Дар давоми соли равон 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори мавсимӣ ба Британияи Кабир сафарбар мегарданд/
Аллакай 60 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои кишоварзӣ ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла раводид ба Британияро омода мекунанд.
«Тибқи эълони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал зиёда аз 200 нафар шаҳрвандон интихоб гардиданд, ки ҳуҷҷатҳои онҳоро мо ба Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон пешниҳод намудем. Сипас аз ҷониби худи ширкат тариқи онлайни ба шаҳрвандон суҳбат намуда, 60 нафари онҳоро интихоб намуданд. Аз шаҳрвандон танҳо донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират талаб карда мешаваду халос»,- гуфт мавсуф.
Ба гуфти Диёр Норматов, хараҷоти сафар аз ҷониби худи шаҳрвандон пардохт карда мешавад. Аз ҷониби корфармо ба тамоми шаҳрвандон ҷойи хоб ва корӣ доими таъмин мегардад.
Гуфта шуд, ки аллакаӣ 1000 нафар шаҳрвандон барои марҳилаҳои баъдии сафар номнавис гардиданд.
«Дар Британияи Кабир онҳо дар як рӯз то ҳашт соат кор мекунанд ва дар як соат то 12 доллар маош мегиранд. Муҳлати шартномаи мехнатӣ шаш моҳ аст. Пас аз шаш моҳ муҳоҷири тоҷик бояд ба ватан баргардад», — гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея барои ҷалби шаҳрвандони тоҷик ба корҳои мавсимӣ дар самти кишоварзӣ ду ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки барои тасдиқ ба Парлумони Ҷумҳурии Корея ирсол гардиданд.