Мақолаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар расонаҳои Малайзия ва Индонезия бо забони англисӣ бознашр гардид

Моҳи июли соли 2021 мақолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ», ки дар АМИТ «Ховар» интишор ёфта буд, дар расонаҳои «Bernama», «New Strait Times»-и Малайзия ва «Antara»-и Индонезия ба забони англисӣ нашр гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Интишори мақолаи Раиси Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи муҳим будани нақши СҲШ дар ҷаҳони муосир ва таваҷҷуҳи минтақа ба раёсати Тоҷикистон дар созмони мазкур мебошад. Мақола дар пайвандҳои зерин дастрас мебошад:

«New Strait Times»:

https://www.nst.com.my/opinion/columnists/2021/07/706793/stability-prosperity-after-20-years-sco

«Bernama»:

https://www.bernama.com/en/world/news.php?id=1980852

«Antara»:

https://en.antaranews.com/news/179050/twenty-years-of-the-sco-cooperation-for-stability-prosperity

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE