Музаффар Ҳусейнзода ва Валихан Туреханов ҳамкориҳои густурдаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ карданд
26 апрел муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Турехановро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳамкории бисёрҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Сафири навтаъйини Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов 6 апрел ба муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ нусхаи эътимодномаи худро супорида буд.
Пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти дуҷониба баргузор гардид.
Ҳамсуҳбатон масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ намуда, перомуни чорабиниҳои муштараки дарпешистода ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ табодули афкор намуданд.