Сокинони деҳаи Гожаки ноҳияи Шуғнон соҳиби нуқтаи оби тозаи нӯшокӣ шуданд

Дар доираи амалӣ намудани “Даҳсолаи байналмилалии амал, об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар деҳоти ноҳияи Шуғнон якчанд лоиҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Яке аз чунин лоиҳаҳои муҳим- ин ба кор андохтани шабакаи таъминоти оби нӯшокӣ дар деҳаи Гожаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Дар деҳаи Гожаки ноҳияи Шуғнон 77 хонавода истиқомат дошта, аҳолии он 480 нафарро ташкил медиҳад. Сокинонаш асосан ба сабзавоту зироаткорӣ машғул мебошанд. Дар натиҷаи ҳамкории зичи ташкилоти деҳотӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шарикони рушд имконият даст дод, ки дар панҷ соли охир деҳаи мазкур пурра бо оби полезӣ таъмин гардад. Масъалаи таъминоти сокинони деҳа бо оби нӯшокӣ марҳила ба марҳила ҳалли худро пайдо карда, то ба мавзеи дурдасти Деҳ, ки дар баландии кӯҳдоман мавқеъ дорад, расид.

Дар ифтитоҳи шабакаи обрасонии ин мавзеъ раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода иштирок намуда, сокинони деҳаро барои дастрасӣ ба оби пок табрик карда, афзуд, ки “таъмин намудани кулли сокинони деҳоти дурафтода бо оби ошомиданӣ яке аз ҳадафҳои муҳими давлат ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон дар ҳалли ин масъала гомҳои устувор мегузорад”.

Раиси ташкилоти деҳотии Гожак Анвар Шоҳлангаров гуфт, ки “барои бунёди ин шабакаи обрасонӣ ба маблағи 148 ҳазор сомонӣ маводи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, арматур, қубурҳои обгузар ва дигар таҷҳизоти ёрирасон дастрас карда шуд. Корҳои сохтмониро сокинони деҳа ба уҳда гирифтанд ва мутобиқи реҷа, сокинони маҳалла дар ин сохтмон саҳм гузоштанд. Масофа байни саргаҳи об ва деҳа қариб ду километрро дар бар мегирифт ва дар макони касногузар ҷойгир буд. Аз ин рӯ бештари масолеҳи сохтмониро сокинони деҳа пуштора ба ҳавзи обтаъминкунӣ мерасонданд”.

Раиси ташкилоти деҳотӣ гуфт, ки ҳиссаи сокинони деҳа дар амалӣ намудани ин лоиҳа хеле назаррас аст, зеро агар барои дастрас намудани таҷҳизот маблағ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шарикони рушд ҷудо гардида бошад, пас ҳамаи корҳои сохтмониро сокинони деҳа ройгон анҷом доданд.

Маҳз чунин тарзи кор имконият дод, ки деҳаи Гожак ба яке аз маконҳои ободу зебои ноҳияи Шуғнон табдил ёбад, зеро бузургони гузаштаи мо беҳуда “обу ободонӣ” нагуфтаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE