Оғози сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Данғара

28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарияти ноҳияи Данғара самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Марҳилаи аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 7600 тонна риштаи баландсифат моҳи августи соли 2016 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Сехи ресандагии 1 дорои дастгоҳи Ритери шветсарӣ буда, асосан раванди пурраи ресандагии риштаҳои навъи 30-60, ки матои бофанда ва кешбофии аълосифат аз он омода мешавад, истеҳсол карда мешавад.

Марҳилаи дуюми он соли 2018 бо иқтидори истеҳсолии наздик ба 15 ҳазор тонна коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли 7600 тонна ришта дар як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Сехи ресандагии 2 дорои дастгоҳи Телв Чеслери олмонӣ буда, асосан барои истеҳсоли риштаҳои пневмомеханикии навъи 10-32 истифода мешавад.

Марҳалаҳои навбатӣ дорои 3 даври пурраи коркарди ришта буда, дар он истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди се коргоҳи нав, аз қабили корхонаи истеҳсоли ришта бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол, рангубор ва истеҳсоли матоъ оғоз бахшида буданд.

То имрӯз таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пайваст карда шуда, 190 адад дастгоҳи дӯзандагӣ барои духти либос ва 1 мошини худкори буранда, 2 ҷуфт мошини тарроҳӣ, 1 дастгоҳи гулдузӣ ва 3 ҷуфт дастгоҳи дарзмолкунӣ насб гардидааст.

Дар сехи бофанда, айни замон 70 дастгоҳи калони даврашакл мавҷуд буда, асосан барои бофтани газвор, аз қабили матоъҳои яктарафа ва дутарафаи риштадор истифода карда мешаванд, ки иқтидори солонаи истеҳсолоти он зиёда аз 7 ҳазор тоннаро ташкил намуда, талаботи истеҳсолотро бо матои газвор таъмин мекунад.

Дар сехи матоъҳои кешбофӣ, 216 дастгоҳи бофандагии  матои бараш 2 метру 80 сантиметр насб гардида, асосан матоъҳои аълосифат барои либос ва рахти хоб истеҳсол мекунад. Иқтидори солонаи истеҳсолот ба 20 миллион метри мураббаъ баробар буда, талаботи корхонаро бо матоъҳои барои либосдузӣ ва рахти хоб нигаронидашуда қонеъ мегардонад.

Дар марҳилаи сеюми корхона коргоҳи рангубори матоъ дорои 11 дастгоҳи рангкунии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати истифодаи қувваи барқ каммасраф, 2 дастгоҳи рангубори ришта ва як дастгоҳи андозагирӣ, ду ҷуфт дастгоҳ барои андозагирӣ ва тарҳи курпа мавҷуд аст. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи рангубори матоъҳои газвор бо рангҳои гуногун зиёда аз 3000 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар коргоҳи дузандагӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 1 миллион адад либосҳои гуногун истеҳсол карда шавад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар корхона то имрӯз 183 ҳазор дона либосҳои гуногун, 37,22 тонна матои рангуборшуда, 50,14 тонна газвор ва 5 миллиону 35 ҳазор метри мураббаъ матои кешбофӣ, истеҳсол шудааст.

Маҳсулоти тайёри корхона, аз қабили сару либос, ришта ва матоъи кешбофӣ ба кишварҳои Русия, Туркия, Беларус, Полша, Озарбойҷон, Чин ва Покистон содирот мешавад.

Аз ҳисоби даромади корхона ба буҷети Тоҷикистон аз соли 2016 то имрӯз зиёда аз 150 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.

Айни замон дар марҳилаи якуми лоиҳа 269 нафар, марҳилаи дуюм 138 нафар, марҳилаи сеюм 262 нафар ва дар марҳилаи чорум 260 нафар ва дар маҷмуъ дар корхона 1250 нафар коргар ба кор ҷалб шудаанд. Оянда имкон аст, ки бо баланд бардоштани иқтидори корхона ва ташкили се баст дар коргоҳҳо шумораи коргарон ба 2000 нафар расонда шавад.

Бояд гуфт, ки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Он бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Шветсария ва Олмон муҷаҳҳаз мебошад.

Дар корхона асосан 32 номгӯи маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол карда мешавад. Дар маҷмӯъ иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини корхонаи мазкур бо ашёи хоми маҳаллӣ аз ҷумла пахтаи аълосифат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақшаи бунёди маҷмаа беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд, ки дар он барои таъмини корхона кишти пахта ба роҳ монда мешавад.

Ширкати “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Данғара дорои 6000 гектар замин барои кишти пахта ва ду корхонаи пахтатозакунӣ мебошад. Ашёи хом, яъне пахтаи дар ин ноҳияҳо аз ҷониби Ширкати “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” истеҳсолшуда барои коркард дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” равона мегардад.

Анҷом ва ба истифода додани марҳилаҳои сеюм ва чоруми лоиҳаи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Тестил” “Парки кишоварзию саноатии нассоҷии Ҷунтай Син Силу Тоҷикистон”-ро ҳамчун яке аз бузургтарин ва мукаммалтарин маҷмааи кишт ва коркарди пахта, ресандагӣ ва бофандагӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Корхона тамоми силсилаи саноати ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагиро дар бар мегирад.

Ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4 – уми Маҷмааи нассоҷии “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил” дар панҷсолаи “Солҳои рушди саноат” ва дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар дастоварди арзанда маҳсуб меёбад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE