Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис сараввал лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Сипас доир ба тадбирҳои амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2021 «Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад» ва масъалаҳои вобаста ба Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳисобот доданд.
Сарвазири мамлакат аъзои Ҳукумат ва роҳбарони вазорату идораҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Супоришҳои дигар ба роҳбарнони вазорату идораҳои мамлакат доир ба вусъати тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳамҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, ҷамъоварии беталафи ҳосил, хусусан ғалладонагиҳо ва меваю сабзавот, захира ва нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ, истифодаи самараноки замин, тақвияти кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, пӯрзур намудани тадбирҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳии аҳолӣ доир ба оқибатҳои ногувори ин бемории сироятӣ ва зарурияти ваксинагирӣ бар зидди он дода шуд.
Дар идомаи кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ вобаста ба паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии КОВИД-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аъзои ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба тақвияти корҳо дар самти пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии ин бемории сироятӣ вазифадор карда шуданд.